Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар шаҳри Исломободи Покистонро, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, амали террористӣ хонда, маҳкум кардааст.

Ӯ дар робита ба ин ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар номае ба Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф, раисҷумҳур ва сарвазири Покистон таслият баён кардааст.

“Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам. Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”, - омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар Исломобод рӯзи 6-уми феврал рух дода, дар пайи он, тибқи иттилои охирин, 31 нафар кушта ва 169 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро гурӯҳи ДОИШ* бар ӯҳда гирифтааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлагари интиҳорӣ дар даромадгоҳи масҷид баъд аз намози ҷумъа маводи таркандаро мунфаҷир кардааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.