Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Ба ҷойи Тошиев генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шуд.
Хабаргузории “24.kg” навишт, ки фармони раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи пеш аз муҳлат аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон озод кардани Қимчибек Тошиев имзо шудааст.
Якҷо бо Тошиев, муовинҳои ӯ ҳам ба истеъфо фиристода шуданд.
Ба ҷойи Тошиев Ҷумгалбек Шабданбеков, ки то ин лаҳза сардори хадамоти 9-ум ва муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон буд, таъин шудааст. Ӯ 55 сол дорад ва соли 2022 рутбаи генерал-майор гирифтааст. Номзадии ӯ барои тасдиқ ба парлумон ирсол шудааст.
Бояд гуфт, Қамчибек Тошиев аз “дӯстонии наздиктарин” ва ҳамақидаву ҳамсангари Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон дониста мешавад. Ӯ якҷо бо Жапаров паси панҷараи додгоҳ рафтааст, дар озодии раисҷумҳури кунунӣ саҳми муассир доштааст ва аз рӯзи аввали сари қудрат омадани Жапаров дар паҳлӯи ӯ ва дар вазифаи раиси КДАМ будааст.

Чанде пештар дар филми “Раисҷумҳур”, ки ба давраи ҳукмронии Жапапов бахшида шуда буд, Тошиев аз корномаи раисҷумҳураш бо эҳсосот ва ифтихор нақл кардааст.
Чанеде пеш аз истеъфои Тошиев дар саҳифаҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он ҳамакнун раиси пешини КДАМ мегӯяд, “дӯстӣ бо қудрату пул набояд чен карда шавад”.
Чанд лаҳза баъди эълони истеъфои Тошиев, расонаҳо Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро шарҳ дод.
“Ман ин тасмимро пеш аз ҳама барои манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат, гирифтам”, - гуфт Жапаров.
Худи Тошиев то ҳол дар бораи истеъфоаш расман ва ошкор чизе нагуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Ӯ аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт вачанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.





“We consider Iran’s success our success, and its failure our failure”: views of Tajikistan’s public figures on the U.S.-Israel war on Iran
More than 2.7 million Tajiks visited Uzbekistan in 2025 for tourism, medical treatment, and education
Recruitment tender
Moody’s raises Tajikistan's credit rating to "B2" with stable outlook
The Line of Durand: How far will the armed conflict between Pakistan and Afghanistan go?
Dushanbe Water Conference 2026 to focus on water management, climate change, and innovation
Emomali Rahmon introduces staff changes in Supreme Court, prosecutor’s offices, and interior ministry
From which countries cars are imported into to Tajikistan?
Trump says he must be ‘involved’ in choosing Iran’s next supreme leader
Dushanbe to host Judo Grand Slam again
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста