“Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, беш аз 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ дар пайи санҷиш ҳамчун изофанависӣ ошкор шуда, аз меъёри умумии қарз ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1,7 млрд сомониро ташкил медод, ҳазф шудааст. Дар умум, дар пайи санҷиши ин ширкат ҳудуди 1,1 млрд сомонӣ қарзе, ки солҳои пеш ҳисоб шудаанд, бо сабаби беасос будан бекор шудааст.
Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 9-уми феврал ба “Азия-Плюс” қарзи аҳолӣ ва пардохти онро шарҳ дод.
Ба гуфтаи Умарзода, дар пайи санҷиши меъёри қарзи аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2025, ки беш аз 1 млрд 737 млн сомониро ташкил медод, 601 миллиони он бо сабаби беасос будани қарз бекор карда шудаанд.
“Ба қарзҳои солҳои қаблӣ, ҳатто аз солҳои 2000-ум пеш ҳам буданд, ислоҳот ворид карда шуда, беш аз 1,1 млрд сомонӣ, ки 601 миллиони он дар сатҳи аҳолӣ ташкил медод, ба хотири беасос будани қарздорӣ дар ҳисоботи муҳосиботӣ бекор карда шуданд. Дар соли 2025 қарзҳое, ки дар ҳисоботи солҳои қаблӣ то таъсиси ҶДММ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” буданд, санҷида шуда, ин ҳаҷми маблағи қарз бинобар нодуруст будан дар ҳисобот, берун карда шуд”, - гуфт Умарзода.
Ин масъули ШТБ мегӯяд, ки соли гузашта, сатҳи пардохтпазирии аҳолӣ боло рафта 99,34 дарсади пули барқи гирифтаашонро супоридаанд. Масъулин инро натиҷаи ҷорӣ кардани системаи “билингӣ” ва сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ рабт медиҳанд.
“Аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 2 млрд 352 млн сомонӣ маблағи барқи ҳисобидашударо пардохт кард. Ҳамагӣ 25 млн 266 ҳазор қарзи ҷории аҳолӣ боқӣ мондааст, ки мумкин аллакай ин маблағ дар давоми моҳҳои январ-феврал пардохт шудааст. Чунки дар ҳолати пардохт накардани қарзи ҷорӣ системаи “билингӣ” барқи муштариро хомӯш мекунад”, - афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти Ҷомӣ Умарзода, қариб 1 млн 700 муштарӣ бо нерӯи барқ таъмин мешаванд, ки ҳудуди 35 дарсади он ба системаи “билингӣ” пайваст мебошанд. Ӯ мегӯяд, қисме аз қарзе, ки дар сатҳи аҳолӣ аз ҷониби муҳосибот то таъсиси “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҳисобот навишта шудаанд, беасос мебошанд, ки дар натиҷаи санҷиши суратҳисоби худи муштарӣ асоснок будан ё набудани қарзро муайян мекунанд. Дар давраи фаъолияти “ШТБ”, ки он аз соли 2021 ба кор оғоз кард, ҳамагӣ 421 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ ҷамъ шудааст, боқимонда қарзе, ки ба аҳолӣ навишта шудаанд, аз солҳои қаблӣ будаанд.
“Мо тариқи ирсоли паёмак ба муштарӣ оиди қарзи ҷорӣ, ки дар системаи “билингӣ” ҳисоб шудааст ва бақияи қарзи аз солҳои пешин мондаашон чанд аст, маълумот медиҳем. Мумкин чунин ҳолатҳое ҳам буданд, ки дар солҳои пеш муштарӣ дар асл ҳамон барқро истифода накардааст, аммо дар суратҳисоби ӯ нозирони барқ ҳамчун изофанависӣ навиштаанд. Мо ҳоло чунин нозирони барқро ихтисор карда истодаем”,-таъкид кард Умарзода.
Намояндаи “ШТБ” мегӯяд, ки нахуст қарзи пешинае, ки дар суратҳисоби муштарӣ навишта шудааст, таҳлил мекунанд ва дар ҳолати дуруст будани қарздорӣ ба системаи “билингӣ” ворид карда, ба муштарӣ огоҳӣ медиҳанд, то қарзашро пардозад. Дар ҳолати напардохтани қарзи аз солҳои пеш ҷамъшуда барқи муштарӣ қатъ карда мешавад.
“Дар он ҳолате, ки қарзи муштарӣ бисёр бошад ва тибқи санҷиш ин қарздорӣ дуруст барояд, муштарӣ имкон дорад ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат карда, хоҳиш кунад, ки барояш имкон дода шавад, то қарзро марҳила ба марҳила пардохт кунад. Вобаста ба ҳаҷми маблағ, дар асоси салоҳияти роҳбарияти ШТБ тасмими тақсимбандии қарз гирифта мешавад”, - таъкид кард номбурда.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати ирсоли паёмак дар хусуси бақияи қарз ба филиали “ШТБ” дар маҳалли худ муроҷиат кунанд то дар ин асос дуруст будани он муайян карда шавад.
Бояд гуфт, масъулини ширкатҳои барқрасонӣ мегӯянд, пас аз ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар соли гузашта, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар тадриҷан кам шудааст.
Аз ҷумла, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудӣ дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд. Инчунин 406 корманди идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Дар соли 2025 аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар умум 321 млн 464 ҳазор кВт соат нерӯи барқ изофанависӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 106 млн 393 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” ва изофанависӣ дар суратҳисоби муштарӣ хабар дода буд.
Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.





Tajikistan shifts to self-sufficiency in HIV treatment drugs
Women are unable to enroll in the Islamic Institute of Tajikistan despite claims of equality
Zsuzsanna Hargitai: Small Business Is the Key to Job Creation
Lukashenko invites “hardworking Uzbek migrants” to move to Belarus with their families
Iran says more than 15,000 people injured since start of U.S. and Israeli strikes
China to finance construction of nine border facilities along Tajikistan–Afghanistan border
Government survey shows many Tajik families living near poverty line
IRGC offers free passage through the Strait of Hormuz to countries expelling U.S. and Israeli ambassadors
Rights groups warn of possible mass deportation of Russians from Kazakhstan over fake residence permit case
200 women in Tajikistan eligible for presidential grants of up to 110,000 somoni
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста