Маросими тақдими мукофотпулиҳои президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти  байналмилалӣ дар соли 2025 баргузор шуд.

Аз фонди раисҷумҳури Тоҷикистон барои қадрдонии ғолибону ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин маблағ ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла кушти ҷудо, куштии тарзи озод, куштии юнонӣ-румӣ, муштзанӣ, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг тақдим шуд. Тибқи иттилои расмӣ, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори шинохтаи тоҷик барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонӣ дар вазни 66 кг (Будапешт, 13-20 июни соли 2025) бо 150 ҳазор сомонӣ ва мураббияш - 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд. Ғайр аз ин, барои медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бангкок (25-28-уми апрели соли гузашта) ба варзишгар боз 25 ҳазор сомонии дигар ва ба мураббиаш 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Нуралӣ Эмомалӣ (бо либоси кабуд)
Акс аз IJF

 

Хусравхон Раҳимов, муштзани тоҷик  барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг (Дубай, 2-13-уми декабри соли 2025) бо 150 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Дорандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон - Обид Ҷебов (66 кг) ва Темур Раҳимов (зиёда аз 100 кг), ҷудокори шинохтаи тоҷик, инчунин Акмал Убайдов (60 кг), муштзани дигари тоҷик ҳар кадоме соҳиби 100 ҳазор сомонӣ шуданд.  Ҳамчунин, Темур Раҳимов барои медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё соҳиби 50 ҳазор сомонии дигар шуд.

Дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - Виктор Рассадин, куштигири тарзи озод ва Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори овозадори тоҷик соҳиби 50 ҳазор сомонӣ шуданд. Дорандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - Магомед Евлоев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абӯбакр Шеров, Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокорони тоҷик, инчунин, Шаҳриёр Даминов ва Амир Бобоҷонов, қаиқронони тоҷик ҳар кадоме бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Виктор Рассадин (бо либоси кабуд)
Акс аз UWW

Чунин варзишгарони ҷавони тоҷик барои ғолибият дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мукофотпулӣ гирифтанд:

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавони тоҷик барои медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (Лима, октябри соли 2025) 50 ҳазор сомонӣ ва Лоиқ  Қутбиддинов, ҷудокор баро медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон 37 ҳазору 500 сомонӣ.

Муҳаммадӣ Раҷабов дар, қаиқрони тоҷик барои ду медали тилло ва як нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, инчунин медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар қаиқронронӣ дар маҷмӯъ, 75 ҳазор сомонӣ.

Бахтовар Примқулов, Шоҳҷаҳон Бобоев, Ғаниҷони Шероз, куштигирони тоҷик, Мадина Қурбонзода ва Рошид Неъматов, ҷудокорони тоҷик, инчунин Алишерхудо Холов, Абӯбакр Ғафуров ва Анӯшервон Фозилов, муштзанҳои тоҷик барои гирифтани медалҳои тиллои мусобиқоти Осиё миёни наврасон ҳар кадоме 18 ҳазору 750 сомонӣ.

Мадина Қурбонзода
Акс аз IJF

Дорандагони медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон бо мукофотпулии аз 12 ҳазору 500 сомонӣ, медалҳои биринҷӣ - 6 ҳазору 250 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин миёни варзишгароне, ки мукофотпулӣ гирифтанд, намоядагони риштаҳои муштзанӣ, ҷудо, куштии тарзи озод ва юнониву румӣ, таэквон-до ва қаиқронӣ ҳузур доранд.

 

Рӯйхати пурраи касоне, ки мукофотпулӣ гирифтанд

Калонсолон

Нуралӣ Эмомалӣ (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон - 150 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи (25–28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣи ( 5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Хусравхон Раҳимов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг (2-13.12.2025, Дубай, АМА) - 150 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

Хусравхон Раҳимов
Акс аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

 

Обид Ҷебов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25–28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомон (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Темур Раҳимов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни +100 кг (13-20.06.2025, Будапешт, Маҷористон) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ), медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Акмал Убайдов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 60 кг (2-13.12.2025, Дубай, АМА) — 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор ба мураббӣ)

 

Виктор Рассадин (куштии тарзи озод)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-30.03.2025, Уммон, Урдун) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Сомон Маҳмадбеков (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

Сомон Маҳмадбеков
Акс аз IFJ

 

Магомед Евлоев (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-30.03.2025, Уммон, Урдун) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Шеров (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҷаҳонгир Маҷидов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (25-28.04.2025, Бангкок, Таиланд) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов (қаиқронӣ, каноэ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (8-10.05.2025, Нанчан, Чин) — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҷавонон ва наврасон

Муҳиддин Асадуллоев (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кг (5-7.10.2025, Лима, Перу) — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Лоиқ Қутбиддинов (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар вазни 60 кг (27-31.08.2025, София, Булғористон) — 37 ҳазору 500 сомонӣ (7 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадӣ Раҷабов (қаиқронӣ, каноэ)

Ду медали тилло (С1-1000 м, 200 м) ва нуқра (С1-500 м)-и мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (13-15.06.2025, Районг, Таиланд), медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (марафон) ба масофаи 14,4 км (4-7.09.2025, Дёр, Маҷористон) — 18 ҳазору 750 + 18 ҳазору 750 + 12 ҳазору 500 + 25 ҳазор сомонӣи (15 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

Муҳаммадӣ Раҷабов
Акс аз хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе

 

Бахтовар Примқулов (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола (5-13.07.2025, Бишкек, Қирғизистон) — 18 ҳазору 750 сомони (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Шоҳиҷаҳон Бобоев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ғаниҷони Шероз (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мадина Қурбонзода (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва нуқра миёни ҷавонон дар вазни 52 кг (11-14.09.2025, Ҷакарта, Индонезия) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ) + 6250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Рошид Неъматов (ҷудо)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 73 кг (11-12.09.2025, Ҷакарта, Индонезия) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Алишерхудо Холов (муштзанӣ)

Медали тиллои муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 71 кг (11-23.05.2025, Коломбо, Шри-Ланка) — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Ғафуров (муштзанӣ)

Медали тиллои муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 75 кг — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Анӯшервон Фозилов (муштзанӣ)

Медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 54 кг — 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Билол Иксанов (муштзанӣ)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 54 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадсултон Султонов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола дар вазни 67 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Ҳангома Исоева (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 60 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Меҳроҷ Сӯфиҷонов (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 51 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

Меҳроҷ Сӯфиҷонов
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Дамир Муйбалихонов (муштзанӣ)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 60 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммад Султонов (куштии тарзи озод)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 17-сола дар вазни 80 кг (18-26.06.2025, Ветнам) — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Ҳакимов (куштии тарзи озод)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Маҳдӣ Баротов (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё то 15-сола (5-13.07.2025, Бишкек, Қирғизистон), медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон то 17-сола (28.07-3.08.2025, Афина, Юнон) — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ) + 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Бобоҷон Шаропов (ҷудо)

Медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 73 кг — 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Алишер Рӯзимадов (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 17-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Аюб Бозорзода (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон то 17-сола — 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббӣ)

 

Фариноз Абдуллоева (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мино Аъзамзод (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 18-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Фариза Яқубова (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Дилноза Нуримова (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муинхӯҷа Муминов (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Руслан Ғафуров (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 63,5 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муродҷон Ашӯралиев (муштзанӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар вазни 71 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Мустафо Аҳмедов (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадӣ Раҷабов, Фирдавс Шарипов (қаиқронӣ, каноэ)

Медали биринҷии (С2–500 м) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муслиҳиддин Ҳоҷиев (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Эмомалӣ Давлатов (куштии тарзи озод)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Сироҷиддин Юлдошев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммадёсин Ибодуллоев (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Муҳаммад Зайниддинзода (куштии тарзи юнонию румӣ)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абӯбакр Абдуҷалилзода (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 81 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Икром Шамсов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 60 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абдулло Лоиқов (ҷудо)

Медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар вазни 81 кг — 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Абдуҷаъфар Баҳодур (таэквон-до)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 55 кг (25.07–1.08.2025, Малайзия) - 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Олия Муродова (таэквон-до)

Медали биринҷии муобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар вазни 37 кг (25.07–1.08.2025, Малайзия) - 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ ба мураббӣ)

 

Таърихчаи ҷоизаи президент

Дар моҳи августи соли 2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоне имзо кард, ки тибқи он Ҷоизаи Президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд.

Ҳаҷми бузургтарини ҷоизаи президенти Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ дода мешавад. Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои асосии чорсола ҷойи дуюмро мегиранд, 250 ҳазор сомонӣ, ва ҷоизадорони медали биринҷӣ – 200 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии куштигирии ҷаҳон ҷоиза месупорад. Акс аз бойгонӣ
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳаҷми ҷоизапулӣ вобаста ба намудҳои варзиш фарқ мекунад – варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ.

Ба категорияи аввал, ғайр аз худи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё дохил мешаванд, ки ҷои аввал – 150 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 100 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм – 50 ҳазор сомонӣ аст.

Инчунин ба ғолибони мусобиқоти универсиада (мусобиқа байни донишҷӯён) 50 ҳазор, 40 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дар категорияи дуюм барои намудҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон мукофотпулӣ барои медали тилло – 200 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 150 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар чемпионати Осиё мукофотпулӣ барои медали тилло – 74 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 50 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати ҷаҳон чунин маблағ дорад:

- медали тиллои– 50 ҳазор сомонӣ;

- медали нуқра – 40 ҳазор сомонӣ;

- медали биринҷӣ – 30 ҳазор сомонӣ.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати Осиё чунин маблағ дорад:

- ҷои аввал 25 ҳазор сомонӣ;

- ҷои дуюм 20 ҳазор сомонӣ;

- ҷои сеюм 15 ҳазор сомонӣ.

Ин ҷоизаи президент ба варзишгароне дода мешавад, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни ҳадди ақал 70 кишвар ва дар чемпионати Осиё миёни ҳадди ақал 30 кишвар ҷоиза ба даст оранд.

Ба ҷоиза инчунин варзишгароне, ки ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷавонон ва наврасон мебошанд, ҳуқуқ доранд. Онҳо 25% маблағеро мегиранд, ки тибқи низомнома барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бузурги миёни калонсолон пешбинӣ шудааст.

Мураббиёни варзишгарони муваффақ низ мукофотпулӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.