Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, як рӯз пас аз оғози ҳамалаи Амрикову Исроил ба Эрон, бо нашри изҳорот аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна" нигаронии амиқ баён кард.
Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд.
"Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд", - зикр шудааст дар он.
Ҳамчунин, дар изҳорот зикр мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷеабор дар минтақа таъкид мекунад.
Бояд гуфт, ки ин аввалин баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон дар робита ба оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон аст, ки як рӯз пас аз оғози он интишор мешавад. Лаҳни ин иҳороти ВКХ-и Тоҷикистон бар муқоиса ба изҳороте, ки вақти “ҷанги 12-рӯза”-и Исроилу Амрико бо Эрон дар тобистони соли 2025 нашр кард, хеле нарм аст. Он замон Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ҳамлаи Исроил ва мушакпартоии Амрико ба Эронро қотеъона маҳкум карда буд.
Тавсияи тарки Эрон ба шаҳрвандони Тоҷикистон
То ин лаҳза танҳо Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, шоми дирӯз, 28-уми феврал, бо нашри як изҳорот дар саҳифа фейсбуки худ ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки Эронро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.
Дар он изҳорот Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия дод, ки “оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд, аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд”.
Ҳамчунин, дар изҳороти Сафорат зикр шуда буд, ки он “фаъолияти худро дар низоми муқаррарӣ идома дода, омода аст барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба хориҷшавии шаҳрвандон аз Эрон кумак расонад”.
Ва барои тамос ба шаҳрвандони кишвар дар Эрон рақамҳои зеринро гузошт:
+98 (021) 22 29 95 84
2. +98 (021) 22 83 46 50
3. +98 936 325 31 47
4. +98 910 451 98 15
5. +98 937 974 35 08
6. +98 930 433 42 34
Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст.
Аз ҷумла як парвози ширкати "Вориш", ки мебоист имрӯз аз Теҳрон ба Душанбе парвоз кунад, лағв шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 28-уми феврал, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба самти Дубай парвоз мекард, дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад.
Дар замони ҷанги “12-рӯза” миёни Эрону Исроил ҳам парвозҳо лағв шуда буд. Он замон шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши тарки Эрон доштанд, тавассути хоки Туркманистон ба Тоҷикистон омада буданд. Теъдоде ҳам тавассути кишвари Озарбойҷон тарки Эрон карда буданд.
Вокуниши кишварҳои минтақа
Пештар аз Тоҷикистон чанде аз кишварҳои дигари минтақа низ бо нашри изҳорот аз шидда ёфтани вазъ дар Ховари Миёна изҳори ташвиш карданд.
ВКХ-и Қирғизистон бо нашри изҳорот аз шиддатёбии вазъ дар Ховари Миёна изҳори ташвиш кард ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки амалиёти низомиро қатъ кунанд.
“Қирғизистон ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомез ва гуфтугӯ аст”, - навишт ВКХ-и Қирғизистон.
ВКХ-и Ӯзбекистон зам бо ин мазмун изҳорот нашр кард. Қазоқистон то ин лаҳза танҳо барои сокинонаш барои тамос чанд рақами сафоратхона ва консулгариҳояш дар Эрону Исроил ва кишварҳои Ховари Миёнаро нашр кард.
Туркманистон то ҳол изҳороте нашр накардааст.
Вокуниши кишварҳои ҷаҳон
Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш шиддати низомӣ дар Ховари Миёнаро маҳкум кард ва гуфт, “истифодаи зӯр аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бар зидди Эрон ва чораҳои интиқомии Эрон ба сулҳи байналмилалӣ халал мерасонад”.
Ӯ даъват кард, ки амалиёти ҷангӣ фавран қатъ карда шавад ва танишҳо коҳиш дода шаванд, зеро идомаи он “барои шаҳрвандон ва суботи минтақавӣ оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва хатари низои васеътари минтақавиро афзоиш медиҳад”.
Гутерриш қайд кард, ки ҳамаи кишварҳои узв бояд ӯҳдадориҳои худро тибқи Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром кунанд. Оинномаи СММ ба таври возеҳ "таҳдид ё истифодаи зӯр нисбат ба тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии ягон давлат"-ро манъ мекунад.
ВКХ-и Русия ҳамла ба Эронро “як амали таҷовузкоронаи мусаллаҳонаи пешакӣ тарҳрезишуда ва беасос алайҳи як давлати узви соҳибихтиёр ва мустақили СММ, бо вайрон кардани принсипҳо ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ” номид.
Ин кишвар умед ба он баст, ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла роҳбарияти СММ ва МАГАТЭ фавран ба ин амалҳои бемасъулиятона, ки ба халалдор кардани сулҳ, субот ва амният дар Ховари Миёна нигаронида шудаанд, баҳои холисона ва бечунучаро диҳанд.
Ҳамчунин, Русия ба хатар ва паёмади ин ҳамлаҳо ишора карда, хостори “фавран ба роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ” баргаштани ҷонибҳо шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин бо нигаронӣ аз ҳамлаҳо ба “зарурати эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, амният ва якпорчагии қаламрави Эрон” ишора кард.
Пекин инчунин даъват кард, ки аз афзоиши минбаъдаи танишҳо пешгирӣ шавад ва муколама идома ёбад.
Миср ҳам аз шиддати вазъ ва хатари он ба минтақа нигаронӣ кард. Урдун, ки дар қаламраваш пойгоҳи низомии Амрико мустақар аст ва Исроил аз фазояш барои ҳамла ба Эрон истифода мекунад, изҳор дошт, ки ҷониби низоъ нест.
Кирварҳои арабии Халиҷи Форс, ки дар аксари онҳо пойгоҳҳои низомии Амрико мустақар аст ва мавриди ҳамлаи ҷавобии Эрон қарор гирифтанд, ба Теҳрон ҳушдор доданд, ки ҳамла ба хокашонро қатъ кунад.
Раисҷумҳури Фаронса Эммануел Макрон гуфт, ки Амрико ва Исроил аз ҳамлаҳояшон ба Эрон аз қабл хабар надода буданд ва баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ даъват кард.
Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир гуфт, ки кишвараш дар ин ҳамлаҳо иштирок надорад.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи дирӯз бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.
Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.
То ин лаҳза Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чанд мақомдори воломақоми ин кишвар кушта шудааст.
Ҳоло вазъ печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.







From which countries cars are imported into to Tajikistan?
Trump says he must be ‘involved’ in choosing Iran’s next supreme leader
Dushanbe to host Judo Grand Slam again
Record-breaking temperatures in Central Asia in February: rising risks of global warming
New fruit orchard planted on seven hectares in Dushanbe
Pentagon demands unlimited access to Claude: why Anthropic refused and what it means for the tech market
Famous "Kharbouza" teahouse in Hisor re-listed for auction
Over 200 Tajik nationals repatriated from Iran and 115 others from the UAE
"The US will bitterly regret it": Iran confirms loss of military ship after US strike
Will the crisis around Iran revive ISIS? How the new war may affect security in Central Asia
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста