Алӣ Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба кишвараш дар дафтари кориаш кушта шуд. Даргузашти ӯро субҳи имрӯз, 1-уми март, мақомдорони Эрон расман тасдиқ карданд. Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ дар Эрон 40 рӯзи мотам эълон шудааст.

Хоманаӣ яке аз бонуфузтарин ва дарозмуддаттарин роҳбарони таърихи муосири Шарқи Миёна буд. Ӯ аз як рӯҳонии ҷавони мухолиф корномаашро шурӯъ карда, баъди инқилоб бо паси сар кардани чанд мансаб, аввал раисҷумҳур интихоб ва пасон роҳбари мутлақи Ҷумҳурии Исломӣ баргузида шуд.

Дар тӯли беш аз 35 соли раҳбарӣ, Эронро бо идеологияи сахти зидди Ғарб, зидди Исроил ва зидди либерализм идора кард. Бо шаш раисиҷумҳур кор кард, аммо қудрати ниҳоӣ ҳамеша дар дасти худи ӯ монд. Мо бо истифода аз матолиби расонаҳо зиндагӣ ва муҳимтарин нукоти корномаи ӯро гирд овардем.

 

Таваллуд ва ташаккули шахсияти ӯ

Алӣ Хоманаӣ рӯзи 17-уми июли соли 1939 дар шаҳри Машҳад, дар шимолу шарқи Эрон, ба дунё омадааст. Падараш Ҷавод Хоманаӣ, рӯҳоние буд, ки дар Наҷаф (Ироқ) ба дунё омада ва солҳо дар Табрез зиндагӣ карда буд, аммо дар ниҳоят дар Машҳад маскан гирифт ва имоми ҷумъаи масҷиди озариҳои он шаҳр шуд. Модараш духтари як рӯҳонии маъруф буд, ки насабаш ба Мирдомод, олими бузурги давраи Сафавия мерасид.

Алӣ дуюмин писари Ҷавод буд. Падараш аз ҳамсари аввалаш се духтар дошт. Номи оилааш аз деҳаи хурде дар Озарбойҷон — Хоманаӣ — гирифта шуда буд.

Вай аз ҷавонӣ ба таҳсилоти динӣ рӯ оварда, дар мактаби ҳавзавии Машҳад ба таҳсил пардохт. Муддати кӯтоҳе ба Наҷаф рафт, баъд ба шаҳри Қуми Эрон баргашт ва дар ҳавзаи илмии он ҷо таҳсилро идома дод.

Дар Қум шогирди чанд рӯҳонии шинохтаи давр шуд, аз ҷумла Оятуллоҳ Буруҷардӣ — марҷаи олии мазҳаби шиа, Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ, ки баъдтар раҳбари инқилоби исломӣ шуд, Оятуллоҳ Табатабоӣ - файласуф ва муфассири Қуръон ва Оятуллоҳ Мунтазарӣ - фақеҳи бонуфуз. Пас аз хатми таҳсил дар Қум, ӯ дубора ба Машҳад баргашт ва таҳсилашро дар он ҷо ба поён расонд.

 


Муборизаи пеш аз инқилоб

Дар солҳои 1960-ум ва 1970-ум, дар замони шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, Алӣ Хоманаӣ ба мухолифин пайваст. Ӯ дар Машҳад ба нутқ ва суханронии зидди низоми шоҳ пардохт. Дастгоҳи амниятии шоҳ (Совок) ӯро борҳо дастгир кард, чанд маротиба ба зиндон афтод ва як маротиба ба шаҳри дурдасти Эронпур дар Систон табъид шуд.

Бо вуҷуди он ки шогирди Хумайнӣ буд, Алӣ Хоманаӣ дар остонаи инқилоб дар ҳалқаи ёрони наздики ӯ набуд ва гуфта мешавад, ки дар Шӯрои аввалини инқилоб низ ҳузур надошт. Танҳо бо пешниҳоди Муҳаммад Биҳиштӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба ин шӯро ворид шуд.

 

Инқилоби соли 1979 ва аввалин масъулиятҳо

Инқилоби исломии феврали соли 1979 ҳокимиятро аз шоҳ гирифт ва Ҷумҳурии Исломиро бунёд гузошт. Хоманаӣ дар ин давра нахуст муовини вазири дифоъ шуд. Сипас чанд моҳ сарпарасти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (СПИИ) гардид, аммо барои иштирок дар интихоботи маҷлис аз ин мансаб канор рафт.

Дар соли 1979, пас аз даргузашти Маҳмуд Толиқонӣ - нахустин имоми ҷумъаи Теҳрон Хумайнӣ, роҳбари олии вақт, Хоманаиро ба ин мақоми бонуфуз таъин кард. Хоманаӣ 46 сол - то рӯзи маргаш ин мақомро дар даст дошт.

 


Чӣ гуна раисиҷумҳур (1981-1989) шуд?

Дар тобистони соли 1981, Абулҳасан Банисадр - нахустин раисиҷумҳури Эрон аз мақомаш бозхонд шуд. Хоманаӣ аз мунтақидони сарсахти ӯ буд ва дар маҷлис зидди ӯ суханронӣ мекард.

Ҳамон сол, дар рӯзи 28-уми июни 1981, таркиши бузурге дар дафтари Ҳизби ҷумҳурии исломӣ рӯй дод ва шумори зиёде аз роҳбарони баланди Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуданд. Хоманаӣ аз он таркиш ҷон ба дар бурд, чун рӯзи пеш - рӯзи 27 июн дар масҷиди Абузар таркиши бомбе ӯро ба шиддат маҷрӯҳ карда буд: дасти росташ барои ҳамеша аз кор афтод ва ӯ рӯзи 28-ум дар беморхона буд, на дар дафтари ҳизб. Ин ҳодиса ногоҳ ӯро аз марг наҷот дод.

Баъд аз куштани раисиҷумҳур Раҷоӣ ва нахуствазир Боҳунар дар таркиши августи 1981, Хумайнӣ, роҳбари инқилоби исломӣ, Хоманаиро барои интихоботи раёсатиҷумҳурӣ тасдиқ кард. Хоманаӣ бо раъйи баланд сеюмин раисиҷумҳури Эрон ва нахустин рӯҳоние шуд, ки ин мақомро мегирифт. Дар соли 1985 бори дуюм ба ин мансаб интихоб шуд.

 

Давраи раёсатиҷумҳурӣ ва ихтилоф бо нахуствазир

Нахуствазири ӯ дар тамоми ин ҳашт сол Мирҳусейн Мусавӣ буд. Ихтилофи байни Хоманаӣ ва Мусавӣ доимӣ ва ҷиддӣ буд - аз сиёсати иқтисодӣ гирифта то усули идоракунии кишвар.

Мусавӣ борҳо истеъфо дод, аммо ҳар маротиба Хумайнӣ ё худи Хоманаӣ онро рад мекард. Хоманаӣ мехост нахуствазирро иваз кунад, аммо Хумайнӣ Мусавиро дастгирӣ мекард. Ин ихтилоф ҳатто ба ҳакамияти мустақими Хумайнӣ кашида шуд.

Дар ин солҳо, Эрон дар ҷанги хунин бо Ироқ (1980-1988) буд. Саддом Ҳусейн дар сентябри 1980 ба Эрон ҳуҷум кард. Ҷанг 8 сол давом кард ва зиёда аз ним миллион нафар кушта шуданд. Дар соли 1988 оташбас шуд.

 

Reuters

Чӣ тавр раҳбари олии Эрон шуд (1989 то охир)

Дар апрели соли 1989, Хумайнӣ ногаҳон Оятуллоҳ Ҳусайналӣ Мунтазарӣ - қоимуқоми расмии раҳбариро аз ин мақом барканор кард. Мунтазарӣ аз сиёсати эъдоми гурӯҳии зиндониён сиёсӣ дар соли 1988 интиқод карда буд. Чанд ҳафта баъд, рӯзи 3-юми июни соли 1989, Хумайнӣ даргузашт. Эрон бидуни ҷонишини омода монд.

Маҷлиси хабрагон (соҳибтаҷрибаҳо), ки масъулияти таъйин, аз кор гирифтан ё назорати роҳбарияти кишварро ба зимма дорад, дар ҳамон шаб ва рӯзи баъд ҷаласа гузошт. Дар ҷаласаи охир Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, ки аз фарзанди Хумайнӣ шунидааст, падараш Алӣ Хоманаиро барои раҳбарӣ пас аз худ дар назар дошт. Ин сухан асар кард. Аз 74 намояндаи хабрагон 68 тан бархостанд ва ба Хоманаӣ раъй доданд.

Мушкиле вуҷуд дошт: қонуни асосӣ барои раҳбар мартабаи марҷаи тақлидро шарт мегузошт ва Хоманаӣ ба ин мартаба расида набуд. Ин мартаба ба олиме дода мешуд, ки аз улуми дин комилан огоҳ буд ва дигар мусулмонон метавонистанд дар масоили шаръӣ ба ӯ тақлид кунанд. Аммо дар тағйироти моҳи августи ҳамон сол ин шарт аз қонуни асосӣ хориҷ ва Хоманаӣ раҳбари доимии Ҷумҳурии Исломӣ эълон шуд.

 

Нигоҳдории қудрат ва саркӯби мухолифон

Пас аз ба раҳбарӣ расидан, Хоманаӣ мухолифони дохилии низомро ба канор гузошт. Шӯрои олии қазоиро бо як рӯҳонии наздикаш - Муҳаммад Яздӣ иваз кард. Дар интихоботи давраи дуюми Маҷлиси хабрагон (соли 1990), Шӯрои нигаҳбон салоҳияти аксар номзадони ҷиноҳи чапро рад кард ва бад-ин тартиб маҷлиси хабрагон пурра дар дасти тарафдорони Хоманаӣ монд.

Мартабаи марҷаиятро ҳам тадриҷан барои худ таъмин кард. Дар аввал аксар марҷаъҳои динӣ ӯро танҳо ба ҳайси “раҳбари сиёсӣ” мешинохтанд, на марҷаи тақлиди динӣ (Оятуллоҳ). Аммо бо гузашти вақт, бо ёрии рӯҳониёни вафодораш дар ҳавза, мартабаи марҷаияти ӯ дар дохили Эрон ба расмият шинохта шуд.

 

WANA

Раисиҷумҳурони давраи раҳбарии Хоманаӣ

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ (1989–1997): Рафсанҷонӣ дӯсти қадимии Хоманаӣ ва яке аз кунунгузорони асосии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Давраи ӯ замони "бозсозии иқтисодӣ" буд - хусусисозӣ, кушодани бозор ва барқарор кардани хаҷми иқтисод пас аз ҷанг. Аммо фасод ҳам густаш ёфт. Дар ин давра, дар хориҷ мухолифони Эрон кушта мешуданд (дар Олмон, Фаронса ва Туркия). Машҳуртарини онҳо куштани роҳбарони курди Эрон дар тарабхонаи Микконос дар Берлини Олмон (соли 1992) буд. Баъдтар додгоҳи Олмон гуфт, ки ин амалиёт бо дастури мақомоти олии Эрон анҷом гирифта. Ҳарчанд Эрон расман ҳеҷ гоҳ инро эътироф накардааст.

Муҳаммад Хотамӣ (1997–2005): Хотамӣ бо шиори “ислоҳот” ва “мутолааи тамаддунҳо” ва бо раъйи ҳайратовари мардум пирӯзи интихобот шуд. Дар оғоз ба матбуот, ҳизбҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ озодии бештар дод, то ҳарфашонро гӯянд, вале дертар “дасту пой”-и раисҷумҳур кӯтоҳ шуд ва аз ҷониби ниҳодҳои зери назорати Хоманаӣ - Шӯрои нигаҳбон, қохи Хоманаӣ ва дастгоҳи амниятӣ - рӯзномаҳои ислоҳотхоҳ баста ва фаъолони ҷомеа зиндонӣ шуданд. Хотамӣ дар солҳои охири давраи раёсаташ тақрибан дасту пояш баста буд.

Маҳмуд Аҳмадинажод (2005–2013): Аҳмадинажод раисҷуҳури “дилдарёб” ва пойбанд ба принсипҳои инқилоб шинохта мешуд. Давраи ӯ давраи авҷи мухолифат бо Ғарб, созиши барномаи ядроӣ ва суханони тезу тунди зидди Исроил буд. Баъди интихоботи баҳсноки июни 2009, ки дар он мухолифон гуфтанд натиҷа тақаллубӣ буд, Ҷунбиши сабз рӯйи кор омад. Миллионҳо эронӣ ба кӯча баромаданд. Хоманаӣ шахсан дар намози ҷумъа бо суханони тунд аз Аҳмадинажод дифоъ кард ва эътирозот бо куштор ва зиндонӣ кардани мухолифон хомӯш шуд.

Ҳасан Рӯҳонӣ (2013–2021): Рӯҳонӣ дипломат ва миёнарав буд. Дар давраи ӯ муҳимтарин дастоварди дипломатии Эрон - Созишномаи ядроии JCPOA (соли 2015) ба имзо расид. Тибқи ин созишнома Эрон ғанисозии уранро маҳдуд мекард ва дар ивазаш таҳримҳои байналмилалӣ рафъ мешуданд. Аммо дар моҳи майи соли 2018 Доналд Трамп Амрикоро аз ин созишнома берун кашид ва таҳримҳои сахттарро барқарор кард. Иқтисоди Эрон ба шиддат осеб дид, арзи миллӣ суқут кард. Дар январи соли 2020, дар ҳамлаи тайёраи амрикоӣ дар Ироқ, генерал Қосим Сулаймонӣ - сарвари Сипоҳи Қудс ва яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои Эрон кушта шуд. Хоманаӣ ин амалро “террори давлатӣ” хонд.

Иброҳим Раисӣ (2021–2024): Раисӣ додрас ва вафодори Хоманаӣ буд. Дар моҳи сентябри соли 2022, духтари ҷавоне ба номи Маҳсо Аминӣ аз ҷониби гашти иршод ба хотири нопӯшидани ҳиҷоб дастгир шуд ва ҳангоми боздошт ҷон бохт. Эрон ба оташ кашида шуд. Шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ба саросари кишвар паҳн шуд. Эътирозот моҳҳо давом кард ва ба иттилои расонаҳо садҳо тан куштаву ҳазорон кас зиндонӣ шуданд.

Дар моҳи майи соли 2024, Раисӣ дар кӯҳҳои Озарбойҷони Шарқии Эрон ба таври мармуз ба ҳалокат расид Тибқи мулоҳизоти расмӣ, ин ҳодиса тасодуфан буд. Баъд аз марги Раисӣ интихобот баргузор шуд.

Масъуд Пизишкиён (2024 то лаҳзаи марги Хоманаӣ): Пизишкиён – табиб ва намояндаи маҷлис аз Табрез дар интихоботи июли соли 2024 бо шиори миёнарав ва дарвозаи дипломатӣ бо Ғарб дар интихоботи раиёсатҷумҳурӣ пирӯз шуд. Аммо дар замони роҳбарии ӯ ҳам дар Эрон эътирозоти оммавӣ ба миён омад ва он то кунун идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди интихоби раисҷумҳурон аз сӯйи мардум, Хоманаӣ қудрати ниҳоии давлатиро дар дасти худ нигоҳ медошт ва ҳокими мутлақи Эрон буд.

 

AFP

Мухолифат бо Амрико

Мухолифат бо Амрико дар корномаи Хоманаӣ басо барҷаста аст, зеро ӯ қариб ним аср бо ИМА ва ҳамзамон бо аксар мамолики ғарбӣ мухолифати ҷиддӣ ва оштинопазир дошт.

Аслан, ба қавли таҳлилгарон, мухолифати Хоманаӣ бо Амрико решаи идеологӣ ва таърихӣ дошт. Аз назари ӯ, Амрико кишваре буд, ки дар соли 1953 Мусаддиқро, ки бо инқилоб мехост шоҳро сарнагун созад, шикаст дода, Паҳлавиро дар садри қудрат нигоҳ дошта буд. Ӯ ҳамеша дар суханрониҳояш Амрикоро “Шайтони бузург” меномид.

Дар давраи раҳбарии ӯ, чанд лаҳзаи буҳронӣ буд: ҳангоме ки Амрико ба Ироқ ҳуҷум кард (соли 2003), Эрон тавонист нуфузашро дар он кишвар густаш диҳад. Барномаи ядроии Эрон аз солҳои 2000-ум ба манбаи асосии кашмакаши байни Теҳрон ва Вашингтон табдил шуд. Пас аз JCPOA ва хуруҷи Трамп аз он, Эрон ғанисозии уранро то 60% ва баъдтар то 84% баланд бурд, яъне дар остонаи сохти силоҳи ҳастаӣ буд.

Алӣ Хоманаӣ ва дигар мансабдорони давраи ӯ ҳамвора мегуфтанд, ки барномаи ҳастаиашон сулҳомез аст ва барои исботи он борҳо ба мизи музокирот нишастанд. Аммо дар умум Алӣ Хоманаӣ ҳеҷ гоҳ шахсан бо мансабдорон ё намояндагони Амрико гуфтушунид накард. Хоманаӣ барои музокирот аксар вақт вазири умуми хориҷаашро равон мекард, вале худаш бар ин бовар буд, ки Амрико сулҳҷӯ нест. Ӯ ҳатто бо раисҷумҳури кишвари мухолифаш шахсан боре ҳам гуфтугӯ накард ва ҷониби дигарро “шоистаи мулоқот” намедонист. Доналд Трамп ҳам дар як мусоҳибаашро ин нуктаро зикр карда буд.

 

ИРНА

Рӯёрӯӣ бо Исроил ва ҳаводиси солҳои охир

Хоманаӣ Исроилро давлати ношаръӣ меномид ва мехост, ки тавассути гурӯҳҳои таҳти нуфузаш - Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос дар Ғазза ва гурӯҳҳои вобаста дар Ироқ ва Яман - фишори доимӣ ба Исроил ворид кунад.

Пас аз ҳуҷуми Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ва ҷанги баъдии Ғазза, кашмакаш шиддат гирифт. Исроил роҳбарони Ҳамосро як ба як ҳадаф қарор дод, ҳамлаҳои зиёде ба Лубнон зад ва Ҳизбуллоҳро ба шиддат заиф кард.

Дар апрели соли 2024, Исроил консулхонаи Эронро дар Димишқ зарба зад ва чанд афсари баланди Сипоҳи посдорон кушта шуданд. Эрон дар посух аввалин ҳамлаи мустақими мушакиро ба Исроил анҷом дод. Исроил боз ҷавоб гуфт.

Тобистони соли 2025 ҳам Исроил ба хоки Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом дод ва чанд тан олимони соҳаи ҳастаӣ ва мақомдорони баландпояи ин кишварро мавриди ҳадаф қарор дод. Эрон дар посух ба Исроил борҳо мушак зад, ки пойтахти он – Телалив ҳам хисороти ҷиддӣ бардошт. Ин даргирӣ 12 рӯз идома кард.

Дар ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил дар охири моҳи феврали имсол дафтари кории роҳбари олии Эрон мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Дар натиҷа Алии Хоманаӣ ба ҳалокат расид. Ӯ 86 сол дошт ва 37 сол роҳбари олии Эрон буд.

Ғайр аз ӯ, дар пайи ин ҳамла, боз як духтар, набера ва домодаш, инчунин, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифоъ ва Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Эрон ва чанде дигар аз мансабдорони радаи аввали ин кишвар кушта шудаанд.

 

Баъди куштори Алии Хоманаӣ, кӣ ҷойгузини ӯ мешавад?

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Муҳсини Эжаӣ, раиси Қувваи қазоия (Додгоҳи олӣ) ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони Эрон идораи давраии интиқолии ҳукумати Эронро пас аз куштори Алии Хоманаӣ бар ӯҳда хоҳанд дошт.

Дар ин бора хабаргузории давлатии Эрон – “ИРНА” бо такя ба Муҳаммад Мухбир, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом (аз ниҳодҳои аслии Эрон аст, ки муҳимтарин масъулияти он ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст) хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар асл (модда)-и 111-и Қонуни асосии ин кишвар омадааст, ки “дар сурати фавт ё канорагирӣ ё азл (аз вазифа гирифтан)-и раҳбар, Маҷлиси хабрагон (масъулияти таъин, аз кор гирифтан ва назорат бар раҳбари Эронро бар ӯҳда дорад) муваззафанд дар зудтарин вақт, раҳбари навро таъин ва муаррифӣ кунанд”.

Тибқи ин модда, то муаррифии раҳбар, “шӯрое мураккаб аз раиси ҷумҳур, раиси Қувваи қазоия ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ба интихоби Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, ҳамаи вазифаҳои раҳбариро ба таври муваққат ба ӯҳда мегирад”.

Ба гуфтаи манбаъ, “агар дар ин давра яке аз онҳо бо ягон сабаб натавонад вазифаи худро иҷро кунад, фарди дигаре ба интихоби Маҷмаъ, бо ҳифзи аксарияти  фақеҳон, дар Шӯро ба ҷои ӯ мансуб мешавад”.

Акнун Эрон ва ҷаҳон интизор аст, ки ба ҷойи Хоманаӣ кӣ интихоб мешавад ва нигоҳи ӯ ба масоили имрӯзи Эрон ва робита бо кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.