Рӯзи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба хоки Эрон ҳамла карданд ва дар пайи ин Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва Исроил ҳамлаҳои ҷавобӣ кард. Ин вазъ ҳоло аксар кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст.

Дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, раҳбари ин кишвар Алии Хоманаӣ ва чанде аз мақомҳои низомии радаи аввал низ ҷон бохтанд. Рӯзи 5-уми март дар Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз шуд, ки ҷамъе аз мансабдорон, аҳли адабу фарҳанг ва шаҳрванди Тоҷикистон рафта, ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кардан.

Хабарнигори "Азия-Плюс" онҷо ҳузур дошт ва бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод.

 

- Ҷаноби сафир, вақте музокирот ҷараён дошт, чаро Амрикову Исроил ба Эрон ҳамла карданд?

- Бисмиллоҳир-раҳманир-раҳим. Ҷо дорад, ки аввал аз давлат ва миллати азизи Тоҷикистон ва аз ҷаноби раисҷумҳури муҳтарам барои изҳори муҳаббат ва ҳамдардие, ки дар ин даврони сахт бо мардуми Эрон доштанд, ташаккури вижа кунам. Як бори дигар мушаххас шуд, ки мардумони Эрону Тоҷикистон ҳамдарду ҳамдили ҳамдигар ҳастанд ва дар воқеъ дар ғаму шодии ҳамдигар шарик ҳастанд.

Воқеаҳои охире, ки дар Эрон мегузарад, ба ин шакл аст: як бори дигар ҷаҳониён мутаваҷҷеҳ шуданд, ки душмани ғаддори мо ба ҳеҷ мантиқе пойдор нест. Ба ҳеҷ усули байналмилалӣ, маншури Созмони Милали Муттаҳид, усули инсонӣ ва ҳеҷ усули дигаре эътиқод надорад. Он чизе ки барои онҳо муҳим аст, тасаллут бар минтақа ва таслими ҳамаи мардуми минтақа аст. Барои манофеи номашруъе, ки онҳо доранд.

 

- Ҳоло вазъияти дохилӣ дар Эрон чӣ гуна аст?

- Шароити мо ин гуна аст, ки мо мусаммам ҳастем (қарори қатъӣ қабул кардаем, - АП), ки аз киёни худамон, аз миллати худамон ва аз сарзамини худамон дифоъ кунем ва то охир ин масирро пеш хоҳем бурд ва онҳоро қатъан пушаймон хоҳем кард.

Мо аз аввал ҳам гуфта будем, ки таслими зиёдахоҳиҳо, таслими султагариҳо нахоҳем шуд. Чуноне гуфтам, онҳо ҳеҷ усулеро намепазиранд ва ё дар зоти онҳо нест.

Asia-Plus

- Аксар коршиносони байналмилалӣ аз эҳтимоли сар задани як ҷанги густурда дар Ховари Миёна нигаронӣ доранд. Ба назари Шумо, оё ҳоло имкони ҳалли дипломатии ин ҷанг боқӣ мондааст?

- Мо ҳама гуна роҳҳоро тай карда истодаем. Аммо масиреро интихоб мекунем, ки онҳоро воқеан пушаймон кунад ва онҳоро сари ҷояшон биншонад. Ҳоло шароит ҳамин тавр аст, ки онҳо ҷанг мекунанд.

Шумо шоҳид ҳастед, ки мо бо онҳо ду бор музокира доштем, вале онҳо мизи музокираро мунфаҷир карданд. Лиҳозо нишон медиҳад, ки ҳеҷ эътиқоде ба ҳеҷ усуле надоранд. Дар як амалиёт беш аз 160 кӯдакро онҳо кушанд. Кӯдаке, ки дар сари синфи мадараса дарс мехондааст. Албатта, ин амали ҷадиде нест барои онҳо. Онҳо касоне ҳастанд, ки беш аз 30 ҳазор кӯдакро дар Ғазза ба қатлгоҳ бурданд ва онҳоро куштанд. Ин гуна аст душманони мо.

- Пешбинитон чист: имкони сари мизи музокирот нишастан боқӣ мондааст?

- Ҳоло чизе гуфта наметавонам.

- Шумо гуфтед ду бор бо Амрико музокирот доштед, ки ҳар ду маротиба ҳамла кард. Ва агар оқибати кор ҷанг аст, он музокирот чӣ маъно дошт?

- Зоти Амрико ҳамин гуна аст. Савобиқи ҳамлаи онҳо ба Ироқро бинед. Ҳамлаи онҳо ба Афғонистонро бинед. Мо бо онҳо музокира доштем ва сари БАРҶОМ тавофуқ кардем, вале худашон онро пора карданд. Боз дубора музокира хостанд, муҷаддадан музокира кардем. Аммо ин сабаб намешавад, ки ба дурӯғу фиребҳои онҳо дил бандем ва кори худро идома надиҳем. Мо ҳамаи сенариёҳои мухталифро дар назар доштем ва омода будем.

- Бо вуҷуди ин, Эрон талафоти сангин дод...

- Маълум аст, ки душманони мо чӣ гуна ҳастанд. Вале мо сенариёҳои мухталифро дар назар гирифта ва худамонро омода карда будем. Ба ҳар ҳол, душман - душманест, ки ба ҳеҷ усуле эътиқод надорад.

- Агар ин даргирӣ ҳафтаҳо идома ёбад, Эрон то куҷо тавони муқобила ва ҷавобҳои қотеонаро дорад?

- Эрон қудрати кофии худашро дорад, миллати сарфарози Эрон дар саҳна ҳастанд. Нерӯҳои низомии мо муқтадирона аз киёни худашон дифоъ мекунанд. То ҳар вақте ки лозим бошад, мо муқовимат мекунем ва намегузорем онҳо ба ҳадафашон бирасанд.

- Теъдоди зиёди зиёиён, мансабдорони давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои изҳори ҳамдарӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд. Ин ҳамовозии ҷомеаи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои мушкил барои муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Теҳрон чӣ аҳмият дорад?

- Равобити мо бо Тоҷикистон равобити густарда ва амиқе аст. Равобит дар ҳамаи арсаҳо, ҳамаи ҳавзаҳо ҳаст. Мо равобити бисёр хуб, дӯстона, бародарона бо Тоҷикистон дорем ва онро идома медиҳем.

- Мавқеи Тоҷикистонро алайҳи ин ҳамла чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Мавқеи Тоҷикистон дар ҳаводиси охир бисёр арзишманд буд. Мо дар тамоми маҷомеи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамеша аз якдигар ҳимоят кардем. Дар робитаҳои дуҷониба низ пайваста мавқеи ҳамдигарро дастгирӣ мекунем.

- Ин ҳаводис ба ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон чӣ таъсире расонида метавонад?

- Равобити Эрон ва Тоҷикистон, арз кардам, дар ҳамаи заминаҳо, бахусус дар ҳавзаи иқтисод ва тиҷорат рӯ ба пешрафт будааст ва ҳатман ҳамин тавр идома хоҳад ёфт.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.