Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар ярмаркаҳо нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад. 

Бо суроғаи ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:


Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, арзиши 1 кг гӯшти гов - 65 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд - 75 сомонӣ, 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ ва 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ мебошад. Бо нархи дигар маҳсулот  дар ин ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:


Бояд гуфт, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ташкил карда мешавад.

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Чун ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо мухталиф нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин боиси нигарониву шикояти сокинон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.