Дар рӯзи дувоздаҳуми ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳу зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна, Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, бо кадом шарт ба нафткашҳои кишварҳо иҷоза медиҳад, ки аз тангаи Ҳурмуз гузаранд. Дар пайи ин, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Эронро ба зарбаҳои “20 баробар сахттар” таҳдид кард. Ин ва дигар ҳаводиси охири Эрону Исроил ва Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.

 

Шарти Эрон барои убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз

Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 10-уми март гуфт, “ҳар кишвари арабӣ ё аврупоие, ки сафирони Исроил ва Амрикоро аз хоки худ ихроҷ кунад, аз фардо ихтиёр ва озодии комили убур аз тангаи Ҳурмузро хоҳад дошт”.

Баъди ин гуфтаҳо,  Крис Райт, вазири энержии Амрико дар “Х” навишт, ки як нафткаш тавассути нерӯҳои дарёии Амрико ба тангааи Ҳурмуз гузашт. Ӯ пас аз чанде ин навиштаи худро пок кард.

Сӯхтани яке аз нафткашҳо дар тангаи Ҳурмуз
Акс аз REUTERS

Вале Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, баъди ин навишта ба хабарнигорон гуфт, “нерӯҳои дарёии Амрико то кунун ҳеҷ киштиеро дар тангаи Ҳурмуз ҳамроҳӣ накардааст”.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар посух ба хабари убури нафткаши амрикоӣ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз дар саҳифаи “Х”-и худ танзомез чунин навишт:

“Як нафткаш таҳти ҳамроҳии нерӯҳои дарёии Амрико аз тангаи Ҳурмуз убур кард? Шояд дар “PlayStation”(як бозии компютерӣ, шарҳи АП).

Ин дар ҳолест, ки қаблан, Доналд Трамп дирӯз дар фиристае дар шабакаи иҷтимоии худ – “Truth Social” таҳдид карда буд, ки “агар Эрон ҳар иқдомеро анҷом диҳад, ки ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмузро қатъ кунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 баробар шадидтар аз ончӣ то кунун анҷом шудааст, ба Эрон зарба хоҳад зад”.

Дар посух ба ин таҳдидҳо, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Трамп гуфт, “муроқиб бошед, ҳазф нашавед”.

Зимнан, Сипоҳи посдорони мегӯяд, мудирияти пурраи тангаи Ҳурмузро дар даст дорад ва иҷозаи убури як литр нафтро ба Амрикову Исроил ва ҳампаймоёнашон аз ин гулӯгоҳро нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 11-уми март хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ дод, ки ба 3 нафткаш, ки дар обҳои Халиҷи Форс қарор доштанд, ҳамла шудааст ва яке аз онҳо оташ гирифтааст. Аз куҷо ҳадаф қарор гирифтани ин киштиҳо маълум нест. Қаблан чанд киштии дигаре, ки пас аз огоҳии Сипоҳ талоши убур аз гулӯгоҳ карда буданд, ҳадаф қарор гирифта буданд.

 

Ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳои посухӣ ба Исроил

Дар ҳамин ҳол, шаби 10 ба 11-уми март низ Амрикову Исроил ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон зарба задаанд. Артиши Исроил шабона аз ҳамла ба Эрон, аз ҷумла ба чанд нуқтаи низомӣ дар Теҳрон ва Табрез хабар дода буд.

Хабаргузории эронии “Меҳр” аз ҳамла ба минтақаҳои маскунӣ дар шимоли Теҳрон гузориш дода, ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо боғ, хонаи андешамандони улуми инсонӣ ва толори Фирдавсӣ дар ин шаҳр ҳадаф қарор гирифтааст.

Теҳрон
Акс аз EPA/Shutterstock

Ҳамчунин, дар пайи ҳамла ба як бонки Эрон дар Теҳрон як корманди он кушта шудааст. Маркази “Хотам-ул-анбиё” гуфтааст, ки “амрикоиҳо мунтазири иқдоми мутақобил ва дардноки мо бошанд”. Ин марказ дар баёнияе ба “мардуми минтақа” ҳушдор додааст, ки “дар наздикии як киллометрии бонкҳо набошанд”.

Ҳамчунин, дар шаби гузашта Сипоҳи посдорон низ, аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна хабар дод. Артиши Эрон низ, мегӯяд шаби гузашта ба як маркази моҳвораии Исроил дар Тел-Авив зарба задааст.

Расонаҳои исроилӣ, аз мушоҳидани мушаку паҳподҳо дар осмони пойтахти Исроил хабар дода, аз раҳгирии чанд мушаку паҳпод дар хабар додааст.

Вале аз сабаби сонсури шадиди расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намудани ахбори воқеъӣ аз дохили Исроил душвор аст ва хисороти ин ҳамлаҳо низ маълум нест.

Зимнан, имрӯз дар Теҳрон маросими видоъ бо чанде аз фармондеҳони аршади низомии Эрон, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил кушта шудаанд, шуруъ шуд.

Маросими видоъ бо кушташудаҳо
Акс аз хабаргузории "Форс"

 

4 дипломати Эрон дар Лубнон кушта шудааст

Ба иттилои расмии мақомоти Эрон, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар умум беш аз 15 ҳазор тан маҷрӯҳ шудааст. Рӯзи 10-уми март Вазорати беҳдошти ин кишвар иттилоъ додааст, ки аз ин теъдод наздики 12,5 ҳазор тан дармон ва мураххас шудаанд.

Қаблан, Эрон теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Амрикову Исроилро 1 ҳазору 255 нафар эълон карда буд. Артиши Эрон низ, мегӯяд, ҷасади 84 маллоҳи новчаи “Дена” шиносоӣ шуда, 20 нафари онҳо то ҳол пайдо нашудаанд.

Ҳамзамон, Эрон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои се рӯзи пеши Исроил ба Лубнон 4 дипломатӣ эронӣ кушта шудааст. Дар ин бора Амир Сайид Ирвонӣ, намояндаи доимии ин кишвар дар номае ба дабири кулли СММ гузориш додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ин дипломатҳо дар Бейрут дар меҳмонхонаи “Рамада” дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил кушта шудаанд.

Қаблан “Ал-Ҷазира” аз ҳамла ба ин меҳмонхона ва куштаву захмӣ шудани чанд тан хабар дода буд.

Вале, артиши Исроил ду рӯз пеш иддао карда буд, ки як ҳамла ба панҷ фармондеҳи нерӯҳои Қудс, шохаи берунмарзии Сипоҳи посдорон анҷом додааст, ки гӯё дар як меҳмонхона ҷаласа доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҷанги Амрико низ, эълон кардааст, ки то кунун ҳудуди 140 сарбози амрикоӣ дар ҷанги ин кишвар зидди Эрон захм бардоштаанд. Ин ниҳод изҳор доштааст, ки “бештари ин захмҳо ҷузъӣ будаанд” ва то ҳол 108 нафарашон баъди беҳтар шудани саломатияшон ба хидмат баргаштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, 8 нерӯи низоми Амрико дар рӯйхати маҷрӯҳони вазнин қарор доранд.

Қаблан Фармондеҳии марказии Амрико эълон карда буд, ки дар 10 рӯзи ҷанг зидди Эрон 7 сарбози ин кишвар кушта шудааст.

Исроил бошад, то ин дам кушта шудани 11 тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва 2 нафари дигарро дар пайи ҳамлаҳои “Ҳизбуллоҳ” тасдиқ кардааст. Ҳамчунин омори охири захмиён ҳам, дар ин кишвар аз 2,3 ҳазор нафар бештар аст.

Осори ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил
Акс аз AP

 

Зиманан, Шаби гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дода, вазъи Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд ва Пизишкиён аз раисҷумҳури Русия барои кумакҳои инсондӯстона минатдорӣ баён кардааст. Ин дуввумим суҳбати онҳо пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон мебошад.

 

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Ҳамчунин, Ҳамчунин, шаби гузашта ва субҳи 11-уми март ҳамлаи Исроил ва Лубнон ва зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфтааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаҳои бомдоди 11-уми март дар ҷануби Бейрут таркиши шадид шунида шудааст. 

“Ҳизбуллоҳ” мегӯяд, чанд минтақаеро дар Исроил ҳадаф қарор додааст. Исроил низ аз ҳамла ба чанд нуқта, ки гӯё ба “Ҳизубуллоҳ” марбут буд, хабар додааст. Аз ҷумла, бомдоди 11-уми март Исроил мегӯяд, ба як анбори аслиҳаи ин гурӯҳ зарба задааст.

Таркиш дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон. Шаби 10 ба 11-уми март
Акс аз AP

 

Дар пайи даргириҳои 9 рӯзи охир миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” беш аз 700 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 200 ҳазор кӯдак аз Бейрут овора шудааст. Тибқи маълумоти ахир дар ин даргириҳо дастикам 570 нафар дар Лубнон кушта шудааст.

Ҳамчунин, шабонарӯзи гузашта пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн ҳадафи ҳамлаҳои мушакиву паҳподии Эрон қарор гирифтаанд.

Иморот иттилоъ додааст, ки рӯзи 10-уми март бо 9 мушак ва 35 паҳпод муқобила кардааст. Гуфта мешавад, 8 мушак раҳгирӣ ва яке аз онҳо ба дарё афтодааст. Инчунин, 26 паҳпод раҳгирӣ шуда, 9 паҳподи дигар суқут кардааст. Иморот мегӯяд, аз ағози даргириҳо аз сӯи Эрон ба ин кишвар 262 мушаки балистикӣ ва 1 ҳазору 475 паҳпод партоб шудааст.

Баҳрайн субҳи 11-уми март аз ба садо даромадани “бонги хатар” хабар дода, Арабистони Саудӣ мегӯяд, 6 паҳподро раҳгирӣ кардааст.

Пеш аз ин хабаргузории эронии “Форс” хабар дода буд, ки пойгоҳи Амрико дар шаҳри Даммом дар шарқи ин кишвар хабар дода буд.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Давҳаи Қатар низ садои таркишҳо баланд шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки аз оғози даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон шуруъ ва бо посухи Ҷумҳурии Исломӣ мувоҷеҳ шуд, то кунун беш аз 43 ҳазор шаҳрванди амрикоӣ минтақаро тарк кардаанд. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.