Чанде аз бошандагони биное дар маркази Душанбе шикоят доранд, ки як ширкати сохтмонӣ бидуни бастани шартнома бо ҳамаи соҳибмулкон ва бе иҷозаи сохтмон ба тахриби биное, ки хонаҳояшон ҷойгир аст, оғоз кардааст. Онҳо мегӯянд, мақомоти дахлдор ҳам ба доди онҳо нарасидаанд. Роҳбари ширкати сохтмонӣ қазияро шарҳ намедиҳад. Ҳуқуқшинос роҳи дуруст ва қонунии тахриби бино ва риояи ҳатмии ҳуқуқи соҳибмулкро шарҳ дод.

Баҳс сари биное дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 11 аст, ки ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” ба тахриби он оғоз карда, мехоҳад дар ҷойи он бинои 19-ошёна созад. Ин ширкат барои оғози сохтмон дар шафати ин бино иҷоза дорад, аммо барои оғози сохтмони блокҳое, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Ҳаққи қонуниамро талаб дорам”

Ба қавли чанде аз сокинони ин бино, ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” охири соли 2023 бо ирсоли мактуб соҳибмулконро огоҳ кардааст, ки мехоҳад дар ҷойи хонаҳои онҳо биноҳои баландошёна созад ва аз онҳо хостааст, ҳуҷҷатҳои манзилашонро барои муайян кардани масоҳат ва ҷубронпулӣ пешниҳод кунанд. Бо теъдоде аз истиқоматкунандагон ҳам шартнома бастааст, вале ба гуфтаи чанде аз сокинони ин бино, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ширкати бинокор барои бастани шартнома бо онҳо иқдоме накардааст.

Соҳибмулкони тарабхонаи “Ал-Шам”, ки дар ошёнаи якуми ин бино ҷойгир аст, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯянд, ширкати бинокор то ҳол дар хусуси ҷуброни зарар ва бастани шартнома бо онҳо сӯҳбат накардааст.

1/2

“Бо мо, чун соҳибмулкони ин бино, шартнома барои тахриби он ва пардохти ҷубронпулӣ баста нашудааст. Аммо ширкат ба тахриби бино оғоз кардааст. Ин танҳо тахриби бино нест, ин фишори ошкоро аст. Қубурҳо кафиданд, об аз шифт мечакад ва ба мустаҳкамии бино низ таъсир расидааст. Бо ин кор моро маҷбур мекунанд, ки дар шароити хатарнок фаъолият кунем, то худамон фирор кунем”, - мегӯянд онҳо.

Роҳбарони муассиса мегӯянд, ки аз ширкат танҳо риояи қонунро талаб доранд.

 

“Соҳибкор ин корро мекунад, то мо хонаамонро тарк кунем”

Галина Назарова сокини дигари ин бино аст, ки мегӯяд, ширкати бинокор бо ӯ шартнома набастааст, вале ба тахриби бино, ки дар қисме аз он ӯ ва оилааш зиндагӣ доранд, оғоз кардааст.

“Бо чанде аз истиқоматкунандагони бино то ҳол шартнома набастаанд. Мо пурсидем, ки чаро қисме аз сокинони биноҳоро розӣ кардед, аммо ба мо то ҳол пешниҳоди ҷуброни зарар нашудааст, гуфтанд, ҳоло то мо навбат нарасидааст. Аммо тибқи қонунгузорӣ, онҳо бояд бо ҳамаи соҳибмулкон созиш кунанд, шартнома банданд, баъдан ҳаққи тахриби биноро доранд”,-таъкид мекунад Галина Назарова.

Назарова ҳам шикоят дорад, ки дар пайи оғози тахриби бино, амнияти онҳо зери хатар аст, чун мустаҳкамии бино, низоми гармидиҳӣ, оби нӯшиданӣ ва ғайра дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, ин ҳама “фишор болои сокинон” барои имзои шартнома бо шартҳои барои ширкати биносоз мувофиқ роҳандозӣ шудааст.

Сокиноне, ки аз кори ширкат шикоят доранд
Акс аз "Азия-Плюс"

“Онҳо махсусан ин корро мекунанд, то бино дар ҳолати садамавӣ қарор гирад ва моро пеш кардан осонтар шавад. Як ҳамсояи мо маҳз ба ин хотир дар сармои зимистон бо кӯдакони хурдсолаш овораи кӯчаҳо шуд”,- нигаронӣ кард Назарова.

Сокинони ин бино, ки бо “Азия-Плюс” суҳбат карданд, гуфтанд, ки баъди оғози тахриби бино, онҳо бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд: гоҳ барқу об надоранд, гоҳи дигар роҳрави назди бинои истиқоматиро об зер мекунад. Кӯчаи ҳамшафати ин биноҳо бошад, бо сабаби ҳаракати мошинҳои боркаш ва техникаҳои сохтмонии ширкат, қисман вайрон шудааст.

1/3

 

Роҳбари дастнораси ширкат

“Азия-Плюс” чандин рӯз ва ба такрор талош кард назари роҳбар ё масъулини ширкати “Луфт сохтмон”-ро дар робита ба даъвои сокинони ин бино фаҳмад.

Аммо раиси ширкати “Лутф сохтмон”, ки худро Анӯшервон Ҷанобилов муаррифӣ кард, бо баҳонаи дар хориҷа қарор доштан ҳар бор аз сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” худдорӣ кард. Хабарнигори мо се маротиба ба нуқтаи фурӯши хонаҳои ин ширкат рафт, аммо ҳеҷ як намояндаи ширкати сохтмонӣ ҳозир нашуд даъвои сокинони биноро шарҳ диҳад.

 

Нуқтаи фурӯши ширкати бинокори "Лутф-сохтмон"
Акс аз "Азия-Плюс"

Дар ин ҳолат қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Шукрулло Шоҳинов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” роҳи дуруст ва қонунии тахриби биноҳои бартарафшаванда, ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва муносибати ширкатҳои бинокорро шарҳ дод.

Ҳуқуқшинос гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, намояндагони ширкати сохтмонӣ ҳақ надоранд, ки сокинонро барои озод кардани хонаҳояшон то имзои қарордод, бо ҳар роҳе маҷбур кунанд.

“Амали ширкате, ки бидуни бастани шартнома ва иҷозати расмӣ ба тахриби моликияти шаҳрвандон оғоз мекунад, ҳамчун бархурди худсарона ва барқасд расонидани зарар ба амвол баҳо дода мешавад. Тибқи моддаи 32-и Конститутсияи ҶТ ва моддаи 263-и Кодекси граждании ҶТ, моликият дахлнопазир аст. Гирифтани қитъаи замин, танҳо пас аз пардохти пурраи арзиши бозории амвол ё додани манзили баробарқимат бо ризояти соҳибмулк ва бастани шартномаи хаттии нотариалӣ амалӣ мешавад”,-таъкид кард ҳуқуқшинос.

Ӯ гуфт, ширкати бинокор ба соҳибмулке, ки хонааш ба нақшаи тахриб ворид шудааст, бояд огоҳинома фиристад, инчунин нусхаи қарор, шартҳои тахрибу ҷуброн ва нақшаи тасдиқшударо нишон диҳад.

Биное, ки сокинонаш шикоят доранд
Акс аз "Азия-Плюс"

“​Пеш аз бастани шартнома, амвол бояд аз ҷониби мутахассиси мустақил баҳогузорӣ шавад. Ширкати бинокор бояд арзиши бозории манзил, қитъаи замин, биноҳои ёрирасон, харҷи кӯчидан ва иҷораи муваққатиро ба назар гирад. ​Қонунгузорӣ ба соҳибмулк ҳуқуқи интихоб додааст. Ширкати бинокор ва соҳибмулк бояд “Шартнома дар бораи додани ҷуброн ва озод намудани қитъаи замин”-ро имзо кунанд. Дар он бояд муҳлатҳои аниқи пардохт ва кӯчидан зикр шавад”, - иброз дошт ҳуқуқшинос.

Шоҳинов таъкид мекунад, ки танҳо пас аз ҷуброни пурра, ҳуқуқи моликият ба бинои кӯҳна қатъ шуда, ширкати сохтмонӣ баъди дарёфти иҷозати расмии сохтмон ба тахриби бино оғоз карда метавонад.

Дар сурати риоя нашудани ин талаботи қонунгузорӣ, ба қавли Шоҳинов, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, дар сурати пайдо шудани норозигӣ, ширкати сохтмонӣ бе ҳукми додгоҳ ҳаққи тахриби манзили сокинонро надорад. Бошандагони ин бино мегӯянд, додгоҳ дар бораи тахриби ин бино дастуре надодааст.

Чанде пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фиреби шаҳрвандон ва нофаҳмиҳо дар ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва фурӯши он дар пойтахт аз сӯйи ширкатҳои сохтмонӣ феҳристеро рӯнамоӣ ва дар сомонаи худ ҷойгир кард, ки дар он метавон то куҷо қонунӣ будани кори ширкатҳои сохтмониро санҷид.

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, ширкати бинокори “Лутф сохтмон” қарори оғози сохтмон дар блокҳои А, Б, В, Г, Д-ро дорад, аммо барои сохтмони блокҳои Е, Ж, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Як талаб дорем: риояи қонун!”

Истиқоматкунандагони бинои мазкур мегӯянд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, ки бино дар ҳудуди он қарор дорад ва додситонии ин ноҳия шикоят кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Онҳо мегӯянд, “ягон нафар на аз ҳукумат ва на аз додситонии ноҳия омада, вазъиятро насанҷид”.

Талаби онҳо аз мақомоти дахлдор як аст: пешгирӣ аз тахриби бино аз сӯйи ширкати сохтмонии “Лутф сохтмон” бидуни бастани шартнома бо бошандагони он.

“Мо чизи зиёд намехоҳем, танҳо риояи қонун. Яъне бастани шартнома бо мо ва пардохти ҷуброн тибқи нархи бозор”, - мегӯянд онҳо.

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи имсол беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд. Чор ниҳоди дигар ҳам аз кори баъзе ширкатҳои сохтмонӣ нигаронӣ карданд, ки бо муҳтавои он муфассал дар ин матлаб шинос шавед: Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.