Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфтааст, хуш надорад, ки иншоотро ба ифтихори ӯ номгузорӣ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Қазоқистон дар гузашта пешниҳод кард, ки шаҳри Остона ба номи президент гузошта шавад, аммо Назарбоев ин пешниҳодро рад кард ва баъдтар ҳукумат расман фурудгоҳи Остонаро Нурсултон номгузорӣ кард. Одатан фурудгоҳҳо ба ифтихори сокинони машҳури кишвар баъди маргашон гузошта мешаванд, аммо ба хотири Назарбоев аз ин қоида сарфи назар шуд.

То ин замон дар Қазоқистон чанд пайкараи Назарбоев қомат афрохта ва акси ӯ дар калонтарин пули миллии кишвараш нақш ёфтааст.

"Ман гуфтаҳои императори бузурги Рим ва файласуф Марк Аврелийро ба ёд меорам. Аз вай пурсиданд, ки чаро то кунун пайкараи ту қомат наафрохтааст, вай гуфт, намехоҳам бипурсанд, ки ин пайкараи кист. Бигзор баъди сари ман пурсанд, ки чаро пайкарааш гузошта нашудааст", - шарҳ дод Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 то кунун дар курсии президентӣ нишастааст. Вай қонунан унвони "пешвои миллат"-ро соҳиб шудааст. Назарбоев имрӯз 77-сола шуд.