Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба воситаи ҳавопаймои шахсии миллиардери рус Алишер Усмонов ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба сомонаи Flightradar24, ки имкони пайгирии ҳавопаймоҳоро дорад, президенти Ӯзбекистон бо ҳавопаймои Airbus A340-313 парвоз кардааст ва он дар радар бо рамзи "M-IABU" сабт шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин рамз ба ҳавопаймои Усмонов тааллуқ дорад.


Шавкат Мирзиёев ахиран барои иштирок дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кард.

Ҳавопаймои Airbus A340-313-и Усмонов яке аз гаронтарин ҳавопаймоҳо дар ҷаҳон ба шумор рафта, 350 миллион доллар арзиш дорад. Он ба номи падари миллиардер -- "Бурҳон" номгузорӣ шудааст. Рақами ба қайдгирии ҳавопаймо "M-IABU" буда, чаҳор ҳарфи охири он -- «IABU» маънои «I am Алишер Бурҳонович Усмонов»-ро дорад.

Барои чӣ президенти Ӯзбекистон на бо ҳавопаймои давлатӣ, балки бо ҳавопаймои шахсии Усмонов ба Ню-Йорк рафтааст, маълум нест.