30-юмин солгарди таъсиси “Овози Самарқанд” бо ҳамкории муассиси рӯзнома – ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят ва ҳайати таҳририя 15-уми январ дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷашн гирифта шуд.
Дар ин ҳамоиш вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа, муштариёни нашрия ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ҳузур доштанд.
- Имрӯз матбуот танҳо воситаи паҳнкунандаи ахбор нест, - изҳор дошт ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов. - Дар сохтори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши ВАО торафт меафзояд. Ислоҳоте, ки дар кишвар роҷеъ ба таъмини озодии сухан амалӣ мешавад, барои табдил додани ВАО ба “ҳокимияти чаҳорум” мусоидат мекунад. Хурсандиовар аст, ки ин дигаргуниҳо дар нашрияи “Овози Самарқанд” низ инъикоси худро меёбад. Дар ҳар шумораи рӯзнома оид ба ҳаёти вилоят хабару мақолаҳо чоп мешаванд, ки ин ба мо дар воқиф будан аз натиҷаҳои корҳои иҷрошуда ва муайян кардани вазифаҳои оянда кумак мерасонад.
Сипас сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, раиси шуъбаи вилоятии хазинаи хайриявии “Нуронӣ” Ҳасан Нормуродов, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ва дигарон оид ба ислоҳоте, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи матбуот амалӣ мешаванд, аҳаммияти рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма дар боло бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ҳарф заданд.
Зикр шуд, ки таҳти сарварии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба масъалаҳои таъмини ҳамдилӣ ва ошкоргӯии байнимиллӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, ривоҷ додани робитаҳои маданиву маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ корҳои зиёд иҷро мешаванд.
- Дар кишвар намояндагони миллатҳои зиёд умр ба сар мебаранд. Масъалаи муносибати боэҳтиромона ба забонҳо, фароҳам овардани шароит барои рушд ва пос доштани урфу одати миллатҳое, ки дар ҳудуди кишвар зиндагӣ мекунанд, дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов. - Инак, 30 сол мешавад, ки рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо ва намунаи волои эътибор ба халқу миллатҳои дигар дар Ӯзбекистон, бобати таҳкими робитаи мардуми кишварҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ, посдошти арзишҳо, ривоҷи фарҳанг ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид ба мардуми тоҷикзабони Самарқанд, инчунин воқиф кардани онҳо аз дигаргуниҳои мамлакат саҳми босазо мегузорад.
Дар доираи чорабинӣ ба як гурӯҳ маърифатпарварон, ки дар беҳсозии мазмуну моҳият, пойгоҳи моддӣ-техникии ҳайати эҷодӣ, афзунсозии теъдоди муштариён, дастгирии ҳамаҷонибаи рӯзнома саҳми босазо мерасонанд, ҷоизаи “Овози Самарқанд” – “Эътибор, эътироф, эҳтиром” тақдим гардид.
Дастовардҳои рӯзномаи “Овози Самарқанд” (солҳои 2018-2019):
1. Дар XIII-умин озмуни “Олтин қалам” (“Қалами тиллоӣ”) иштирок карда, барои саҳми арзанда дар инъикоси ислоҳоте, ки дар соҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд, инчунин тарғиби дӯстиву ҳамдилии миллатҳо дар бахши “Беҳтарин маводи журналистӣ дар матбуоти даврӣ” соҳиби ҷоиза гардид.
2. Сайти расмии рӯзнома www.ovozisamarqand.uz фаъол карда шуд.
3. Дар давоми солҳои 2018-2019 барои беш аз 100 нафар собиқадорон ва эҳтиёҷмандон дар асоси сарпарастӣ рӯзномаҳо ройгон пешниҳод шуданд.
4. Аз тарафи ҳайати таҳририя китобҳои “Айнишиносӣ дар Самарқанд” (мақолаҳо дар бораи мероси адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ), “Овози Самарқанд”: дирӯз ва имрӯз”, “Саодати дӯстӣ” ва ғайра чоп шуданд.
5. Аз тарафи ҳокимияти вилояти Самарқанд заминаи моддию техникии рӯзнома беҳтар гардида, таҷҳизоти корӣ, технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ва мошини хизматӣ тақдим карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мирные переговоры Киева и Москвы: как они могут выглядеть?
Таджикский боец Мухаммад Наимов узнал своего нового соперника в UFC
Конрад Арц фон Штрауссенбург: «Германия обеспокоена отношением к мигрантам Таджикистана в России»
Кохир Расулзода открыл новые учебные заведения и социальные объекты в Хатлоне
Байден тайно запросил у Конгресса дополнительные 24 миллиарда долларов для Украины, - Politico
Таджикистан и Мальдивы подписали соглашение об отмене виз
«Таджик Кристалл» отметил 23-летие
Конец осени в Таджикистане будет дождливым и ветренным
После гибели Тароны и публикации «Азия-Плюс» мэр Пенджикента дал указание построить школу
Путин назвал Россию крупнейшим экономическим партнером Казахстана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста