Субҳи имрӯз, 15-уми март дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати сирояти коронавируси COVID-19 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ӯзбекистон аз фардо, 16-уми март дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар карантин эълон кардааст. Ӯзбекистон ҳамчунин аз фардо сарҳадоти худро баста, иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ мекунад.
“Субҳи имрӯз, 15-уми март, соати 06.00 дар озмоишгоҳи (лабораторияи) Институти вирусологияи ҷумҳуриявӣ зимни ташхиси шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашта буд, коронавируси COVID-19 муайян шудааст”, - изҳор дошт Баҳром Алматов, сарвари Агентии беҳдошти санитарию эпидемиологии назди вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар аз фардо, 16-уми март расман карантин эълон кардааст. Ин таътил эҳтимол то 3 ҳафта давом мекунад. Дар ин бора имрӯз, 15-уми март сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон чорабиниҳои оммавии наврӯзӣ гузаронида намешаванд, иттилоъ медиҳад хабаргузории UzA.
Ӯзбекистон сарҳадоти худро мебандад
Аз 16-уми март Ӯзбекистон иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ мекунад. Ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан низ баъд аз 3 рӯз баста мешавад.
Тибқи иттилои хабаргузории Kun.uz, имрӯз дар ин бора сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба ҷуз ин, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа манъ карда мешавад.
Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, дар Ӯзбекистон омадани ду ҳавопайморо бо мутахассисосони соҳибтаҷрибаи мубориза бо коронавирус аз Чин мунтазиранд.
Дар ин кишвар аз 16-уми март маркази хизматгузорӣ оид ба коронавирус (call-марказ) ба кор оғоз мекунад. Бо масъалаҳои вобаста ба коронавирус аҳолӣ бевосита ба ин марказ муроҷиат карда метавонад.
Гуфта мешавад, Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Ӯзбекистон то ҳол 4 нафари аз коронавирус сироятёфтаро ошкор кардааст: зани аз Фаронса баргашта бо 2 фарзандаш ва ҳамчунин 1 мусофире, ки аз Туркия омадааст.
Дар ин матлаб видеои YouTube аз саҳифаи Axborot uz истифода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Народная демократическая партия Таджикистана выдвинула 28 кандидатов на парламентские выборы. Кто они?
Безлюдные улицы, испуганные жители: репортаж из кишлака в Канибадаме, где за одну ночь убили 4 человека
В Узбекистане планируют ввести оплачиваемый отпуск для мужчин при рождении ребенка. Как с этим в Таджикистане?
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
ВБ и Швейцария помогут Таджикистану с расширением цифровой экономики
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста