Дар қароргоҳи “Ало-Арча”-и ҳукумат имрӯз Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) Содир Жапаровро ба сифати сарвазир таъин ва инчунин сохтор, ҳайат ва барномаи ҳукуматро  тасдиқ намуд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон хабар медиҳанд.

Ба ҷонибдории номзадии Жапаров 83 нафар вакилоне, ки дар толори ҷаласа ҳузур доштанд, овоз доданд. Ҳайати парлумони ин кишвар ҳамагӣ аз 120 нафар вакилон иборат аст.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аллакай дар бораи таъини Жапаров ба вазифаи сарвазир фармон ба имзо расонида, ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кард.

Ба ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон инчунин сиёсатмадори тоҷик Равшан Собиров низ шомил гардид. Ӯ ба вазифаи яке аз муовинони сарвазири Қирғизистон таъин шуд. Равшан Собиров раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон буда, қаблан ба ҳайси вазири рушди иҷтимоӣ фаъолият мекард.
Равшан Собиров
kabar.kg

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Жапаров изҳор доштааст, ки пагоҳ бо президенти Қирғизистон масъалаи истеъфои ӯро баррасӣ карданист.

Қобили зикр аст, ки парлумон рӯзи 6 октябр ҳайати нави ҳукуматро бо роҳбарии Жапаров тасдиқ карда буд. Аммо президент Жээнбеков қарор дар бораи тасдиқи ҳайат ва сохтори ҳукуматро ба парлумон баргардонида, изҳор дошт, ки ин қарор ғайриқонунист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.