Ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони пропани дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз балонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи корҳои дохилии Самарқанд иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ин қочоқбарон маводи мухаддирро ба сокини ноҳияи Ургут супурдаанд, ки ҳангоми мусодираи афюн яке аз баллонҳо таркидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш, қочоқбарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.
- Дар рафти тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ 244,19 грамм маводи мухаддир пайдо намудаанд, - навиштааст сомонаи ӯзбекӣ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи тоҷирони номуваффақ дар асоси Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки nuz.uz менависад, «балони газро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон марди 44-солаи сокини Душанбе Д.О. ҳамроҳ бо зодаи шаҳри Бохтар С.С. мебаранд. Ин афрод балони газро ба ноҳияи Ургут, ба манзили дӯсти худ М.Ф.-и 43-сола бурданд. Аммо вақте ки онҳо мехостанд онро кушоянд, баллон таркидааст”.
Таджикистан и Нидерланды обсудили вопросы экстрадиции преступников
Что обсуждают и какую работу находят трудяги на «мардикор-базаре» в центре Душанбе?
В Таджикистане начали подготавливать лагеря для летнего отдыха детей и подростков
Узбекистан, Казахстан и Азербайджан намерены объединить свои энергосистемы
Звезды мирового дзюдо приехали в Таджикистан
Сначала квитанцию о поступлении в вуз, потом аттестат?
Смертный приговор Бабаку Занджани отменен. Кто он и какая у него связь с Таджикистаном?
В Дангаре состоялись парапланерные старты
ИБР и арабские фонды развития направят на финансирование Рогуна $550 миллионов
Парламент Грузии принял «закон об иноагентах» во втором чтении
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста