Парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда шавад.
Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ин тасмим дар пайи эътирозҳои сокинони Қароқалпоқистон гирифта шуд.
"Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони порлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳо бояд ба инобат гирифта шавад", - омадааст дар иттилоияи порлумони Ӯзбекистон.
Сокинони Қароқалпоқистон панҷ рӯзи охир ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Матни ислоҳҳо рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Ӯзбекистон нест.
Раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 2-юми июл гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".
Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Ӯзбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва ӯзбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.
Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Ӯзбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Ӯзбекистон низ ҳаст.
Дар Қароқалпоқистон рӯзи 3-юми июл вазъи фавқулода ҷорӣ шуд. Сокинони он ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Сокинони шаҳри Нуқус, маркази ин ҷумҳурии мухтор, навиштанд, ки дар шаҳр дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти телефонҳои ҳамроҳ маҳдуд шудааст.
Расонаҳои дохилии Ӯзбекистон хабар доданд, ки барои пароканда кардани тазоҳурот нерӯҳои иловагии Горди миллиро ба Қароқалпоқистон фиристондаанд ва боздоштҳо низ сурат гирифтааст.




Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста