Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли об тариқи обанбори “Баҳри тоҷик” (собиқ Қайроққум), ки аз Тӯхтагул партоб мешавад, созиш ҳосил кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев.
Ин ҷо сари интиқоли об аз ҷониби Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ, ки Қазоқистон аз ҳисоби ҳиссаи Қирғизистон дар дарёи фаромарзии Сирдарё мегирад, сухан меравад.
“Ҳамчунин шартҳои истифодаи обанбори “Баҳри тоҷик” низ мувофиқа шуданд. Шартҳои мазкур дар шаҳри Душанбе дар протоколи сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) зикр шудааст”, - гуфтааст Брекешев.
Дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки ба ивази захираҳои обӣ аз ҳисоби лимити Тоҷикистон ин кишварҳо чӣ медиҳанд.
Тобистони соли равон зикр шуда буд, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик”-ро дар давраи авҷи мавсими обёрӣ бо Тоҷикистон мувофиқа мекунанд, то ки кишоварзони вилоятҳои Қизилорда ва Туркистон бо об таъмин карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки солҳои ахир дар минтақаҳои ҷануби Қазоқистон камбуди об ба мушоҳида мерасад.
Ёдрас мекунем, ки дар мавсими обёрии соли гузашта Қазоқистон ба ивази об ба Тоҷикистон техника ва бо нархҳои дастрас сӯзишворӣ дод.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад. Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.
Как сделать свою улыбку "дорогой". Советы от стоматологов ведуших клиник Душанбе
Как отразится политика президента США Дональда Трампа на странах региона
Водно-болотные угодья Таджикистана получают международный статус. Что это значит?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 февраля 2025 года
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста