Дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия дастикам 93 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории ВВС хабар медиҳад.
ВВС дар тадқиқоти худ зикр кардааст, ки бархе шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз зиндонҳои Русия ба ҷанг ирсол шудаанд ва аз ҷониби ширкати хусусии низомии Вагнер (PMC) ба ҷанг ҷалб шудаанд.
“Дар миёни кушташудагон 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон, 34 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон ва 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон будаанд”, - менависад ВВС.
Хабаргузорӣ таъкид мекунад, ки муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд.
“Пас аз оғози ҳамлаи ҳамаҷонибаи Русия ба Украина, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дар ҷанг ниёз доштанд: онҳо барои барқарор кардани шаҳрҳои харобшуда ва кофтани хандакҳо фиристода шуданд... Дар Украина бисёри онҳо мефавтанд ва хешовандонашон низ моҳҳо талош доранд, ҳадди ақалл ҷасадро ба ватан баргардонанд”, - омадааст дар тадқиқот.
Дар ин тадқиқот дар бораи чӣ гуна қурбонӣ шудани чанд нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам маълумот медиҳанд.
"Ҷасадро аз қабр канда ба Душанбе фиристоданд"
Тафтишот ҳамчунин аз саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон ёдовар мешавад. Дар моҳи апрел хонаводаи Сулаймон Исломов бо ВВС тамос гирифта будаанд.
Онҳо хабар додаанд, ки Сулаймон дар солҳои 2012 ва 2016 дар Русия соли 2017 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи сентябри соли 2022 Сулаймон ба хешовандонаш занг зада гуфтааст, ки ба ҷанг рафтанӣ аст. Кай ба ҷанги зидди Украина мепайвандад, маълум нест, вале дар моҳи марти соли 2023 ҷасади Сулаймонро дар қабристони Фряново пайдо мекунанд.
Пас аз чанд ҳафта пайвандони Сулаймон Исломов ҷасади ӯро аз қабр бароварда, ба Душанбе меоранд.
Огоҳии расонаҳо ва хомӯшии мақомоти ду кишвар
Расонаҳои Тоҷикистон ҳам то кунун дар бораи даҳҳо шашрвандоне, ки дар ҷанги байни Русия ва Украина кушта шуданд, иттилоъ додаанд.
Мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ин хусус ҳеҷ иттилое намедиҳанд ва ба вижа мақомоти Тоҷикистон омори шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистонро дар Русия нашр намекунанд.
Аз ҷумла, Шӯҳрат Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия, қаблан дар нишасти хабарии ин ниҳод ба суоли хабарнигорон дар бораи чанд шаҳрванди кишвар дар зиндонҳои Русия посухи мушаххас надода ва гуфта буд, ки "ВКД чунин маълумот дорад".
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, онҳо чунин омор надоранд ва дар кишварҳои дигар, ки шаҳрвандонашон дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, чунин маълумот вуҷуд надорад.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 17 феврал гуфт, омори зиндониёни тоҷик дар маҳбасҳои Русия маълум нест.
“Дар мавриди интиқол кӯдакону наздикон аз зиндонҳои Русия ба додситонӣ муроҷиат кунед. Мо баррасӣ хоҳем кард”, - гуфт додситони кул.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии кишвар ба он тобеъ аст, гуфт: “Ин ба салоҳияти додситонӣ аст, дар ин масъала метавонед ба онҳо муроҷиат кунед”.
Дар ҳама сурат ҳам мақомоти Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия будубош мекунанд, огоҳӣ медиҳанд, ки ба ҷанги миёни Русия ва Украина напайванаданд.
Молочка в Таджикистане подорожала так, что ее почти перестали покупать
Глава ГКНБ Кыргызстана наказал своим сотрудникам рожать по 5-6 детей
Таджикского блогера в России признали террористом
В Таджикистане начал работу официальный дистрибьютор BYD
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ответ Матвееву, избиение за «двойку» и благотворительность вместо хаджа
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2024 года
Синие волосы, неумение готовить и… езда на велосипеде. Чего опасаются матери таджикских девочек?
«Грубят, избивают и оскорбляют». Омбудсмен Таджикистана высказал обеспокоенность отношением к мигрантам в России
В Душанбе открыли новый ресторан KFC
Нобелевскую премию мира присудили японской организации, выступающей за запрет ядерного оружия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста