Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ки дар интихоботи президентии 9-уми июли соли 2023 ғолиб дониста шуд, имрӯз, 14-уми июл савганд ёд карда, расман ба курсии президентӣ менишинад. Ин маротибаи сеюм аст, ки ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз эълон мегардад. Дар ин бора сомонаи парлумони Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар интихоботи ахири пеш аз муҳлати президентӣ бо касби қариб 87 дарсади овоз, ғолиб гардид. Ҳеҷ кадоме аз рақибони ӯ натавонистанд ҳадди ақал 5 дарсад овоз ба даст оранд.
Ҳамакнун, Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи якҷояи Палатаи қонунгузор ва Сенат Олий Маҷлиси савганд ёд карда, маротибаи сеюм расман ба фаъолияти президентӣ оғоз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон 9-уми июли соли 2023 баргузор гардид.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 87 дарсади овозро соҳиб шуд.
Рақибони ӯ ҳамагӣ овози хеле ночизро ба даст оварданд ва ягон нафари онҳо ҳатто марзи 5 дарсадро убур накард.
Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ – 4,2 дарсад;
Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” – 4,43 дарсад;
Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ - 3,74 дарсад овозро соҳиб шуданд.





Нигина Амонкулова стала обладательницей премии «Канди порси» («Персидский сахар»)
Министр иностранных дел Казахстана посетил Freedom IT-Hub в Душанбе
Статистика против кошелька. Доходы населения Таджикистана растут, а качество жизни - нет
Россия увеличила импорт винограда из Таджикистана на 25% в 2025 году
Узбекистан запустит спутник «Мирзо Улугбек» к 2028 году и подготовит первого космонавта
В Таджикистане 405 человек освобождены от ответственности за «лайки»
Правительство России разрешило проходить медосмотр мигрантам из Таджикистана до въезда в РФ. Теперь слово за Госдумой
Эмомали Рахмон провел переговоры с главой МИД Казахстана
Сборная Таджикистана по дзюдо выиграла три медали в Тунисе
9 миллионов на личном счёте инспектора: Генпрокуратура Таджикистана заявила о масштабных хищениях средств за электроэнергию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста