Имрӯз, 14-уми август, Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар нишасте дар Душанбе аз ҳукуматдорони пешини кишвараш шадидан интиқод карда гуфт, “паёмади кори иддаеро миллати мазлум дода истодааст”.
Дар робита ба дусолагии фаъолияти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нишасти “Ду соли султаи Толибон ва фоҷеаи таърихии мардуми Афғонистон”-ро роҳандозӣ карда, гурӯҳи Толибонро ба поймолкунии ҳукуқи башар маҳкум намуд.
Дар ин нишаст намояндаи СММ, сафари Фаронса дар Тоҷикистон, дигар чеҳраҳои шинохта ва муҳоҷирони афғонистонӣ ширкат доштанд.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар зимни суханрониаш дар ин нишаст аз касе ном набурд, аммо аз бархе ҳукуматдорони пешин ва чеҳраҳои матраҳи Афғонистон шадидан интиқод кард.

Ӯ гуфт, “паёмади кори ҳукуматдорон ва чеҳраҳоеро, ки замоне даъвои ҳубби ватан доштанд, ҳоло на худашон медиҳанд, на фарзандонашон, балки миллати мазлуми ман дода истодааст”.
“Қаҳрамонҳои милли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббониро кӣ пуштибон буд? НАТО? СММ? Амрико? Не! Онҳо бидуни пуштибон ҳамвора зидди ин гурӯҳи террористӣ ҷангиданд. Аммо сарони ҳукумати пешини Афғонистон ва дигар чеҳраҳои таъсиргузор, ки иддаои то охирин лаҳза бар зидди Толибони ғаддор истоданро доштанд, дар лаҳазоти аввал миллатро танҳо гузаштанд ва рафтанд”, - гуфт Зоҳири Ағбар.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбаташ аз “ғаддории Толибон” ҳам интиқод карда, гуфт, “ҳоло мардуми Афғонистон набояд рӯҳафтода шаванд ва мо ҳамоно бар зидди Толибон истодагарӣ мекунем”.
“Толибонро дигарбора шикаст дода, аз сари қудрати Афғонистон дур мекунем. Ду соли ғаддорӣ нишон дод, ки Толибон дигар нашудаанд ва ҳамоно ҳуқуқи занону мардони Афғонистонро поймол мекунанд", - афзуд сафир.
Гуфтан ба маврид аст, ки гурӯҳи Толибон дар давраи ҳокимияташон кори занон ва таҳсили духтаронро манъ кардаанд. Ин монеагузории онҳо вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст, вале ҳамоно онҳо аз раъйи худ намегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон ҳукумати Афғонистонро ғасб карда, ба сари қудрати ин кишвар нишастанд.
Аммо бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста