Аз 24 то 29 августи соли 2023 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндаи аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар барномаи консертӣ, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мешавад, ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Хақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова ва гуруҳҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез”, “Парасту”, “Ҷаҳоноро” ва “Лола”, ҳамчунин, ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло ширкат меварзанд.
Дар доира ин чорабинӣ, 24-уми август дар шаҳри Остона, дар толори Холдинги миллии “QazBioPharm” мулоқоти аҳли илму адаби Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.
Шоми имрӯз дар толори “Kinopark 7 IMAX Keruen” маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик бо намоиши филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” (муаллифи сенария Г. Колтунов, коргардон Б. Кимёгаров) оғоз мегардад.
Тибқи барнома, 25-уми август дар шаҳри Остона бо иштироки вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи олими тоҷику форс, файласуф, табиби оламшумул Абӯали ибни Сино баргузор мегардад.

Шоми 25-уми август бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети “Астана Опера” Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон расман оғоз гардида, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.
Рӯзи 27-уми август дар шаҳри Чимкент дар конфронсзали “Ramada by Wyndham Shymkent” Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вохӯрии Вазири фарҳанг ва аҳли илму адаби Тоҷикистон бо намояндагони тоҷикони муқими вилояти Туркистон идома меёбанд. Сипас, филми “Шинохти Саразм”, ки ба 5500-солагии Саразми бостон бахшида шудааст (муаллифон Шавкати Муҳаммадӣ ва Тоҳири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода), намоиш дода мешавад.
Бегоҳии ҳамон рӯз дар толори консертии “Туркистон” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад.
29-уми август дар шаҳри Алмаато мулоқоти Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо намояндагони Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мегардад. Инчунин дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии композиторони тоҷику қазоқ ва дар театри санъати анъанавии “Алатау” намоиши филми бадеии “Оинаи беҷило” (коргардон Носир Саидов) доир мегарданд.
Ҳамчунин, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Игрок с таджикскими корнями не смог закрепиться в московском «Спартаке»
Кохир Расулзода проведет переговоры с премьер-министром России
В Ташкенте прошла первая встреча руководителей спецслужб стран Центральной Азии
В Кыргызстане арестовали российского блогера по делу о наемничестве
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2025 года
Ветхие страницы священных книг: Что хранит архив Центра письменного наследия Таджикистана?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка цветов «Некӣ бикор», рок-концерт в формате open-air и мюзикл «Король Лев»
В Таджикистане пройдут соревнования по парапланеризму Open Sky на Кубок президента республики
Что Душанбе может перенять у Вены – города, который 15 раз признавался самым комфортным городом мира
"Из-за нехватки актёров даже директор театра играет на сцене". Победы и неудачи фестиваля "Парасту-2025"
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста