Додгоҳи олии Ӯзбакистон боз 240 нафарро, ки давоми солҳои 1920 - 1931 қурбони таъқиботи давлати Шӯравӣ шуда буданд, сафед кард. Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти шӯравӣ (иштирок дар ҳаракати босмачигарӣ) айбдор шуда буданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласаи додгоҳӣ дар маҷмӯъ, панҷ парвандаи ҷиноӣ баррасӣ гардидааст.
“Тибқи маводи парванда, дар давраи аз соли 1929 то соли 1931 дар вилоятҳои мухталифи ҳудуди Қорақалпоқистони имрӯза, вилоятҳои Сурхондарё, Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё 240 нафар шаҳрвандони ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Қазоқистон ба иштирок дар харакати босмачиён, ташкил кардани дастаҳои мусаллаҳ ва амалиёт бо мақсади шӯришҳои мусаллаҳона ё амалиёти контрреволюционӣ ба муқобили ҳокимияти Шӯравӣ гунаҳкор шуда буданд. Додгоҳи олӣ эътирози муовини додситони кулли Ӯзбекистонро аз рӯи ин парвандаҳои ҷиноӣ ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ қонеъ кард. Дар натиҷа, тибқи моддаи 83-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ 240 нафар сафед карда шуданд”, - менависад манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон чандин сол аст, ки ба бозбинии таърихи хеш пардохта, нафарони зиёди дар пайи таъқибот маҳкумшуда сафед шуданд. Ба навиштаи gazeta.uz пештар 616 нафари дигар сафед карда шуда буданд. Ҳамин тавр, шумораи умумии сафедшудагон дар Ӯзбекистон ба 856 нафар расидааст.
Ба навиштаи ин расона, рӯйхати қурбониёни таъқибот аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 октябри соли 2020 таъсис ёфтааст, бо мақсади амиқтар омӯхтани мерос ва пос доштани хотираи қурбониёни ин ҳодиса таҳия шудааст.




Основной праздник Навруз пройдет в Душанбе. Какие мероприятия будут организованы?
Сборные Таджикистана разных возрастов выходят на международную арену
Как купить билет на сайте дешевых авиабилетов Аvs.tj?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер персидско-японской музыки и поэзии, Artel Local Bazaar - Navruz edition, концерт TASSO в Душанбе
Проект Маркетинг Форум-2025 из Таджикистана стал призером международной премии beMa!
Все, что нужно знать о Наврузе
Картой Visa в Таджикистане можно оплачивать покупки в сомони
Падение рубля к таджикской валюте ускорилось. Объясняем причины
Эксперты ЕАБР объяснили, почему экономика Таджикистана продолжит быстро расти
Новым резидентом IT Park Dushanbe стал BARQ, который намерен запустить сервис аренды пауэрбанков
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста