Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон* дар вокуниш ба иддаои раиси ҷумҳури Ӯзбекистон оид ба бунёди канали Қӯштеппа ва таъсири он ба низоми ҷории оби Осиёи Марказӣ, гуфтааст, ки “Афғонистон бо бунёди канали мазкур ҳаққи ҳеҷ кишвареро талаф накарда, саҳми худро аз дарёи Аму гирифтааст”.
Дар ин бора телеграм-канали “Тулӯънюз” хабар медиҳад. Ин расона шарҳи бештаре надодааст ва ин ҳарфи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ нав нест. Толибон қаблан низ ин мавқеъро баён карда буданд.
Бояд гуфт, ки Шавкат Мирзиёев рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе зимни нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал бори аввал масъалаи бунёди канали Қӯштеппаро ба баррсӣ кашида, гуфт, ки ҳокимони феълии Кобул ба гуфтугӯҳо дар масъалаи оби минтақа ҷалб карда шаванд.
“Ба ин назарем, ки бояд гуруҳи кории муштарак барои баррасии тамоми паҳлӯҳои тарҳи канали “Қуштеппа” ва таъсири он ба низоми обӣ дар ҳавзаи рӯдхонаи Ому бо истифода аз пажуҳишгоҳҳои кишварҳои мо таъсис дода шавад”, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мирзиёев ҳамчунин, таъкид намуд, ки дар минтақа дар мавриди истифодаи об бозигари наве ба вуҷуд омадааст, ки “дар назди кишварҳои мо ягон уҳдадорӣ надорад”.
Қаблан намояндагони Ӯзбекистон доир ба бунёди канали Қӯштеппа андешаи худро иброз намуда буданд ва барои баррасии он ба кишвари Афғонистон низ сафар карда буданд. Онҳо ҳатто пешниҳод карда буданд, ки канали мазкурро якҷо бунёд кунанд.
Аммо ин бори аввал, ки Шавкат Мирзиёев дар бораи канали мазкур мавқеи худро баён мекунад.
Роҳбарони дигар кишварҳои минтақа, ки дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал иштирок доштанд, аз ибрози андеша дар бораи бунёди канали мазкур худдорӣ намуданд.
Дар бораи канали Қӯштеппа ва паёмадҳои он метавонед аз матлаби “Паёмади ҳидрополитикии канали Қӯштеппа. Нигаронии кишварҳои минтақа ва таскини Толибон” маълумоти муфассал пайдо кунед.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
ТОП-10 знаковых для Таджикистана спектаклей
Как работает медицинский вытрезвитель в Душанбе: процесс приема и оказания помощи
Лимонно-желтая с вкраплениями пурпура. Вспоминаем краски осени в Таджикистане
В Хатлоне открыли автодорогу Бохтар-Левакант-Дангара
В Ассоциации рестораторов и отельеров Таджикистана сменился руководитель
Бригада Саломат. Как пожилые женщины из Согда бьют рекорды по сбору хлопка
В плеяде звезд. Поэтессе Фарзоне - 60
Глава Таджикистана запустил в Хатлоне заводы по производству армстронга, гипсокартона и подъемных кранов
Ветеран дзюдо Хабибулло Маджидов завоевал серебро на ЧМ в Лас-Вегасе
Жителей Таджикистана ежедневно штрафуют более чем на 1 миллион сомони
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста