Ии шабу рӯз дар минтақаҳои ҷануб ва маркази Тоҷикистон тӯфони чангу ғубор идома дорад, ки барои мавсими зимистон хос нест. Сабабҳои инро “Азия-Плюс” аз мутахассисон пурсид.
Тибқи маълумоти мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва коршиносони мустақил, дар Тоҷикистон сол то сол шумори рӯзҳои чангу ғубор зиёд мешавад. Агар дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шуда бошад, дар айни замон чунин ҳодиса дар як сол зиёда аз 35 маротиба ба қайд гирифта мешаванд.
Тамоми фасли тобистон ва моҳи сентябри соли 2023 ҳар як дуюним шабонарӯз сокинони ҷумҳурӣ дар асорати ҳавои чангу ғуборолуд қарор гирифтанд. Аз 1 октябр тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон камтар ба назар мерасид, лекин шояд бори аввал бошад, ки он дар фасли зимистон низ ба қайд гирифта мешавад.
Бино ба маълумоти коршиносон, дар Тоҷикистон 4,1%-и қаламрав ё худ 560 ҳазор гектар замин ба дараҷаи пурзӯри тӯфони чангу ғубор осебпазир буда, дар 11,6%-и қаламрав ё худ 1,6 млн гектар сатҳи миёнаи он зикр мегардад.
Чаро дар Осиёи Марказӣ тӯфони чангу ғубор бештар шудааст?
Дар ин бора зимни конфронси Самарқанд оид ба мушкилоти таназзули замин, ки моҳи ноябр баргузор шуд, коршиносон ибрози назар карданд.
Онҳо чанд далелро мисол овардаанд, ки боиси афзоиши тӯфони чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ шудаанд.
Сабаби аввал якбора кам шудани боришот дар минтақа бар асари тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз ҳамин ба хушксолӣ боис мегардад, ки ин дар навбати худ ба аз байн рафтани пӯшиши хокии растаниҳо оварда расонида, шамол чангу хок ва намакро ба осонӣ ба атмосфера мебарорад.
Бино ба маълумоти СММ, 152,06 млн гектар ё 38,43 фоизи масоҳати замини Осиёи Марказӣ дар ҳолати хушкӣ қарор дорад, ки аз он 1,33 фоизаш дар ҳолати хушкии шадид ва 0,23 фоизаш - дар ҳолати хушксолии ниҳоят шадид қарор доранд.
Сабаби дуюм ин аст, ки харобшавии заминҳои обёришавандаи минтақа раванди биёбоншавиро бештар кардааст, ки дар натиҷа хоку чанг бо андак вазидани шамол ба осмон хеста, ба дуриҳо то қуллаҳои кӯҳ мерасанд.
Имрӯз тақрибан 30% заминҳои кишоварзии кишварҳои минтақа дар ҳолати таназзули шадид қарор доранд.
Сабаби сеюм ба хушк шудани баҳри Арал рабт дорад, ки тайи шаш моҳи охир ба фазо хестани чангу қуму намак аз қаъри он зиёд шудааст. Якҷоя бо шамоли "афғонӣ"-и анъанавӣ, ки аз минтақаи биёбони Афғонистон ворид мешавад, тӯфонҳои чангу ғубор ба ноҳияҳои кӯҳӣ ҳам мерасанд.
Сабаби чорум, ба гуфтаи коршиносони Конвенсияи мубориза бо биёбоншавии СММ, гарчанде ки тӯфонҳои қуму чанг як падидаи табиии мавсимӣ бошанд ҳам, аммо ин мушкилот дар натиҷаи идоракунии нодурусти захираҳои замин ва об печидатар мешавад.
Аз ҷумла, лойқаи зиёд дар каналу маҷроҳои обёрӣ, ки бар асари тӯфони чангу ғубор ва дигар чангҳои сайркунанда ба вуҷуд омадаанд, монеъа дар кори нақлиёт, бад шудани сифати обҳои рӯизаминӣ ва ғайра мебошад.
Бархе аз коршиносон сабаби панҷуми зиёдшавии тӯфонҳои чангу ғуборро дар афзоиши теъдоди сохтмонҳо дар тамоми кишварҳои минтақа, бахусус дар шаҳрҳои бузург мебинанд. Дар ҳамин ҳол, бидуни назардошти кабудизоркунӣ. Ин ҳамчунин ҷиҳати ба ҳаво хестани заррачаҳои чангу қум дар натиҷаи вазидани шамол боис мегардад.
Илова бар ин, биноҳои баландошёна шамолро бо чангу рег дар шаҳр бозмедоранд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 Тоҷикистон ба 10-гонаи бадтаринҳо дар радабандии кишварҳои ифлосшудаи ҷаҳон бо консентратсияи миёнаи солонаи PM2.5 (мкг/м³) дохил шуд.
Ин ҷо ҳиссаи тӯфонҳои маъмулии чангу ғубор ва тумани чанголуд дар рӯзҳои муайяни сол, махсусан дар нимаи дуюми баҳор, тобистон ва нимаи аввали тирамоҳ низ ҷой дорад.
Кадом роҳҳалҳо ҳастанд?
Тӯфони чангу ғуборро пурра бартараф кардан ғайриимкон аст, аммо метавон зарари оқибатҳои онро коҳиш дод.
Ба гуфтаи мутахассисон, барои мубориза бо тӯфони чангу ғубор бояд пӯшиши хокии растаниҳоро барқарор ва идоракунии захираҳои замину обро беҳтар кард.
Дар ҳамин ҳол, дар аксари шаҳрҳои минтақа, аз ҷумла дар Душанбе, буридани дарахтон барои бунёди биноҳои баландошёнаи нав идома дорад. Умуман, дар шароити шаҳр бо тӯфони чангу ғубор мубориза бурдан бефоида аст.
Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки камарҳои паноҳгоҳи ҷангал бо шамол паҳншавии чангу ғуборро то 65% коҳиш медиҳанд.
Стратегияи минтақавии мубориза бо тӯфонҳои қуму чанг дар Осиёи Марказӣ ва Лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ мустаҳкам кардани регҳои ҳаракатдоштаро тавассути бунёд намудани ҷангалҳо, пурзӯр намудани корҳои фитомелиоративӣ ва бунёди обанборҳои зеризаминии оби нӯшокиро тариқи ҷамъоварии боришоти атмосферӣ пешниҳод мекунад.