Ӯзбекистон ният дорад, ки тартиби гузаштани сарҳадро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи ID-корт ҷорӣ кунад. Тавре ки Газета.уз менависад, дар Палатаи қонугузории Олий Маҷлис рӯзи 20 ноябр президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар роҳандозии сиёсати хориҷии самаранок, васеъ кардани доираи дӯстону шарикон ва амиқтар ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ бо ҳамсояҳокишварҳои наздик хеле муҳим аст.
Ӯ таъкид доштааст, ки таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва субот ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ хоҳанд монд.
Соли 2025 дар кишвар мулоқоти «Панҷгонаи Осиёи Марказӣ» (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) баргузор мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, «қадами муҳимми амалӣ дар ин самт хоҳад буд».
"Аз 1 сентябр шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз ID-корт (ба ҷои шиносномаи хориҷӣ) озодона ба Қирғизистон сафар кунанд, - изҳор дошт Мирзиёев. - Дар нақша аст, ки низоми ба ин монанд бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад".
Президенти Ӯзбекистон зикр кард, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои самаранок ва доимӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, дигар шарикони пешбар, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии бонуфуз, инчунин ниҳодҳои молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин ҷаласа президент номзадии сарвазири феълӣ Абдулло Ориповро ба мансаби раиси ҳукумат пешбарӣ кард.
«Ҳукумат фаъолияти худро бояд дар асоси комилан нав ташкил кунад, аз ин рӯ, ба он роҳбари қавӣ зарур аст», — изҳор дошт ӯ.
Трамп сообщил о согласованных элементах соглашения с Россией
Главы МИД стран ЕС не договорились о новой помощи Украине
Без карнавала, но с салютом. Как в Душанбе отметят Навруз-2025?
Фермерам Таджикистана выделяют 133 миллиона сомони: Увеличить производство мяса, яиц, рыбы и меда
Чехия предлагает ЕС купить «Радио Свобода», которое потеряло финансирование США
Будет ли в Таджикистане отменен энерголимит на Навруз?
Human Rights Watch призывает Россию осудить ксенофобию и защитить права мигрантов
Таджикистан поддержит компании с российским капиталом
Израиль возобновил удары по объектам ХАМАС в секторе Газа
Россия и Таджикистан в режиме онлайн будут делиться информацией о преступниках
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста