Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт намоиши спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» барои донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегардад.

Тавре муовини директори театр Зиёбой Тошев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоиши спектакл то 20-уми март идома ёфта, дар ин давра бо ташаббуси ректори ДМТ Нуриддин Саидов ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ аз он баҳрабардорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи З.Тошев, намоишномаи мазкур ахири моҳи январ дар ҷашнвораи театрии «Даҳаи фаҷр» дар Эрон сазовори Шоҳҷоиза (4 ҳазор $) гашт. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбони Саид низ дар озмуни беҳтарин нақши мардона соҳиби Шоҳҷоиза шуд.