Устоди бузурги адабиёти тоҷики асри гузашта Мирзо Турсунзода дар баробари ба насли оянда аз худ боқӣ гузоштани осори гаронбаҳо, боз барои тарбияи як зумра шоирону нависандагони тоҷик хизмати арзанда кард, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи адабиёт Саттор Турсун.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз хизматҳои арзандаи Турсунзода дар ривоҷу равнақи адабиёти тоҷики асри гузашта дар он ифода меёбад, ки ӯ истеъдодҳоро пайдо карда, дар тарбияи онҳо фаъолона мусоидат мекард ва мунтазам онҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ менамуд.

«Масалан, Устод барои дастгирии як истеъдоди тоза ба эҷод шурӯъкарда, интишори корҳо ва ташкили вазъи хуби маишиву истироҳати ӯ метавонист бо ҳама гуна роҳбари сатҳи давлатӣ дар баҳсу талош бошад», - гуфт адиб.

Ба андешаи нависанда, Мирзо Турсунзода дар замони худ барои таҳкими дӯстии самимиву ҳақиқии мардуми собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, бахусус Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштааст, ки «бо гузашти замон ҳеҷ як сиёсатмадор наметавонад онро рахна созад».

«Бо итминон метавон гуфт, ки дастовардҳои адибони тоҷик дар нимаи дуюми асри гузашта натиҷаи кӯшишҳои Устод дар тарбия ва дастгириии шоирону нависандагони он замони ҷавони тоҷик аст, ки имрӯз шоирону нависандагони шинохта эътироф шудаанд», - афзуд Саттор Турсун.