Чанде қабл аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти унвони «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» китоби нав ба нашр расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Гурез Сафаров хабар дод, китоб бо забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар он осори назмӣ ва насрии адибони тоҷик бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур гирдоварӣ шудаанд.

Ба қавли номбурда, дар китоби мазкур драмаи нахустин ва маъруфи драматург Ғанӣ Абдулло «Ситораи умед», ки соли 1964 ба чоп расида буд ва ҳамчунин драмаи шоири тоҷик Ато Мирхоҷа «Давлати баргашта» дар бораи Шириншо Шоҳтемур, ки бори нахуст нашр мегардад, дарҷ ёфтаанд.

«Дар китоб манзумаи шоир русзабони Тоҷикистон Темур Зуҳуров таҳти унвони «Шириншо Шоҳтемур» низ ҷой дода шудааст», - гуфт Г.Сафаров.

Зимнан зикр гардид, ки сарсухани китоби мазкур аз ҷониби таҳиягари он, журналист ва нависанда Қурбон Аламшоев навишта шудааст.