Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикстон Гулназар Келдӣ баргузор гардид, ки ба 70-солагии зодрӯзи ин шоири номвар бахшида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим соҳибҷашнро табрик намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд шоири номии тоҷикро бо санаи фархунда табрик намуда, аз ҷумла зикр дошт: «Дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши асосӣ дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эчоднамудаи ин қабил бузургон барои рушду нумӯи давлатҳо мусоидат кардааст. Тоҷикон низ бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрӯз дар қатори бузургон адиб, рӯзноманигор, шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», инсони хоксору поксиришт Гулназар Келдиро ном мегирем».
Гуфта мешавад, Гулназар Келдӣ яке аз шоирони номвари муосир мебошад ва имрӯз шеъри вайро натанҳо хонандагон, балки ҳар фарди хурду калони кишвар медонанд ва ӯро мешиносанд. Чакидахои хомаи Гулназар Келдӣ ҳамчун нависанда ва шоир арзишҳои волои маънавӣ, инсонгароӣ, ватанпарварӣ ва табиатдӯстиро ситоиш намуда, мардумро барои дӯст доштани ҳаёт, бовар кардан ба ишқ ва садоқат, ба халқу миллат даъват мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки давлату ҳукумат барои комёбиҳои мехнатӣ ва фаъолияти эҷодиаш, шоирро бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода қадршиносӣ намудааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар маҳфили адабӣ ҳунармандону устодони санъати кишвар таронаҳоро аз ошъори Гулназар Келдӣ сароиданд.
Таджикистан в товарообороте с Россией почти полностью перешел на рубль
Без наблюдателей и прозрачности? Как пройдут выборы в Таджикистане без ОБСЕ?
В Таджикистане открытая год назад «Горячая линия» для мигрантов приняла уже почти 2000 обращений
Замглавы Мытищ задержали после жилищного скандала с семьей из Таджикистана
Глава МИД Таджикистана прилетел с визитом в Астану
Сколько баллов Таджикистан получил в Индексе восприятия коррупции в 2024 году?
Ученые заявили, что внутреннее ядро Земли деформировалось и замедлилось
Зеленский допустил обмен части Курской области на украинские земли
США направили письмо Таджикистану о соблюдении санкций против российских компаний, работающих в стране
Таджикистан и Доминика отменили визы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста