Барои то ҳадди камтарин расонидани хатарҳои беруна, таъмини хусусияти индустриалӣ-аграрӣ доштани рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
«Иқтисоди муосири Тоҷикистон хурду кушода буда, ба таври қобили мулоҳиза таҳти таъсири хатарҳои беруна ва нишондиҳандаҳои бозори ҷаҳонӣ қарор дорад», - гуфт зимни кори конфронси байнулмилаии «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» профессор Лутфулло Саидмуродзода, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Номбурда қайд кард, ки хатарҳои беруна ба коҳиши нарх ба нахи пахтаву алюминий, суст шудани фаъолияти корӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон, ки пеш аз ҳама Русия, Қазоқистон, Чин ва Туркия мебошанд, вобаста аст.
Саидмуродзода таъкид дошт, ки тайи ду соли ахир ҳам ҳаҷми содирот ва ҳам ҳаҷми воридоти маҳсулот коҳиш меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра бештар бахши молия ва бонкии кишвар ба хатарҳои беруна дучор шуда, осебпазирии ин бахшҳо ба сатҳи баланди хавфҳои қарзӣ ва асъорӣ, ҳамчунин мизони баланди ба доллар вобаста будани иқтисоди кишвар марбут аст.
«Коҳиши босуръати талабот ба ашёи хом ва натиҷаи он ба сифати поинравии босуръати нархҳо ба нафт, таҳкими қурби доллари ИМа ва бад шудани вазъи иқтисодиву молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон, камшавии даромади муҳоҷирони корӣ ва мутаносибан коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо, ҳамчунин сатҳи баланди ба доллар вобаста будани иқтисод бевосита сабабҳои поинравии қурби пули миллӣ нисбати доллар давоми солҳои 2014-2016 мебошанд, ки имрӯз ҳам мушоҳида дорем», - гуфт Саидмуродзода.
Ӯ қайд кард, ки тӯли солҳои охир даромади буҷет аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар робита ба таъсири омилҳои беруна коҳиш ёфтанд, ки ба тақвияти фишори маъмурӣ ба андозсупоранагон, асосан ба бахши хусусӣ ва корхонаҳои хурд боис гардид.
«Маҳз барои ҳамин дар Стратегияи милии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби ҳукумат қабул шуд, бобати ба таври назаррас афзудани ҳиссаи саноат дар ММД, таъмини хусусияти индустриалӣ-аграрӣ доштани рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани имконоти таъсиси ҷойҳои мусоиди корӣ вазифа гузошта шудааст», - илова кард профессор.
Қобили зикр аст, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби парлумон моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.
Барои амалисозии Стратегия ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян карда шудаанд: гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Ҳаҷми умумии ҳамаи воситаҳои пешбинишуда барои 15 соли минбаъда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба 118 млрд. 133 млн. доллар баробар аст.
Ба сифати сарчашмаҳо ҷиҳати амалисозии Стратегия воситаҳои буҷети давлатии кишвар дар ҳаҷми 56,1 млрд. доллар ва сармоягузориҳои хусусӣ ба маблағи ҳудуди 55 млрд. доллар дар назар дошта шудааст.