Журналисти маъруфи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳони ислом, ба ҷуз кишварҳои Осиёи Миёна, маросими азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Иброҳим Усмонов дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» дар бахши баргузории маросими дафну азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом, имрӯз дар аксари кишварҳои мусалмонӣ амал карда, танҳо кишварҳои Осиёи Миёна истисноанд.
«Дар давлатҳои арабӣ, Эрон ва бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ ҳангоми маросими азодорӣ мардум ба рӯҳу арвоҳи марҳум дуову фотиҳа мехонанд ва касе ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонад, ки дар ин маросимҳо таому зиёфате дода шавад», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки дар ин маросимҳо изҳори ҳамдардӣ ва паҳлӯи азодор будану дастгирии ӯ бояд чизи асосӣ бошад.
Иброҳим Усмонов ҳамчунин пешниҳоди президентро доир ба минбаъд дар ҷумҳурӣ баргузор кардани тӯйи хатна танҳо дар доираи оила ва бе даъвати санъаткорон дастгирӣ мекунад, зеро «хатнасур маънои ба ислом пайваст шудани писарчаро дорад ва ин чорабинӣ танҳо хоси оила мебошад».
Ӯ хотиррасон намуд, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ аксари оилаҳо тӯйи хатнаи писаронро ҳамроҳ бо ба нафақа баромадани бобояш ё дигар маросиму ҷашнҳои оилавӣ баргузор мекарданд.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи пешниҳодҳои президент, ҳамаи маросимҳои дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бояд бидуни забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шаванд. Дар дигар маросимҳои манъшуда, аз қабили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ куштани чорво ва додани таом манъ карда шудааст.
Дар лоиҳа тартиби нави баргузор кардани тӯйи хатна пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он минбаъд ин маросим бояд танҳо дар доираи оила ва бидуни даъвати санъаткорон гузаронида шавад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста