Мутахассис бар ин назар аст, ки мубориза бо технологияҳо ба боз ҳам бештар таназзул (поинравӣ) ёфтани бозори телекоммуникатсионӣ боис шуда метавонад.
Коршиноси технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушд Асомуддин Атоев мегӯяд тасмими бастани NGN ва эҳтимоли қатъи мессенҷерҳо ба сиёсати давлатии рушди устувор мухолиф аст.
«Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи милли рушди Тоҷикистон то соли 2030 мавқеъгирии Тоҷикистон ба сифати занҷира (хаб)-и коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки аз ду қисм - коммуникатсияи нақлиёт ва телекоммуникатсия иборат аст ва бо овора шудан ба мубориза бо технологияҳо, мо ба рақобатпазирии бозори ватанӣ дар сатҳи минтақа зарба мезанем, зеро ҳадаф - таҳкими имконоти транзитии худ - ҳам барои мо ва ҳам барои ҳамсоякишварҳо афзалиятнок мебошад», - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари қабули чунин қарорҳо сол то сол бозори телекоммуникатсионии кишвар коҳиш ёфта, кам шудани шумори корбарон ва поинравии ҳаҷми даромади бозор гувоҳи он аст.
«Ин вақт бозорҳои дигар кишварҳо аз ҳисоби давлатҳои дигар минтақаи фарогирро густариш дода, маҳсулоту хизматгузориҳояшонро пешниҳод мекунанд, - зикр кард Атоев. - Қатъи як технологияро бо истифода аз технологияи дигар метавон дастрас кард».
Зимнан зикр гардид, ки агар ба ҷойи ин хизматгузориҳо алоқаи сабтшуда пешниҳод гардад, аксарият аз он истифода нахоҳанд кард ва ихтиёрӣ даст кашидан аз гуфтугӯ, натанҳо имконоти бозорро коҳиш медиҳад, балки вобастагии тамоми бозорро ба як технологияи муайян меафзояд.
«Ин дар навбати худ ба инҳисор (монополия)-и як истеҳсолкунанда (хориҷӣ) боис гардида, дар натиҷа бинобар сабаби чунин монополия ва нуқтаи ягонаи дастрасӣ амнияту бехатарии шабакаи ватанӣ начандон қавӣ хоҳад шуд», - афзуд коршинос.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.
Гуфта мешавад, дар нома зикр шудааст, ки қисмати зиёди гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи ширкатҳои мобилӣ ва тавассути мессенҷерҳои интернетии Viber, IMO ва Skype сурат гирифта, ин боиси коҳиш ёфтани пардохтҳои андоз ва даромадҳои буҷет шудааст.
Кумитаи андоз дар ин нома ба тафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Кумитаи андоз ҳамчунон аз алоқаи навъи NGN ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома “аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст”.
Дар идома Кумитаи андоз ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки зангҳои байналмилалӣ ва дохилӣ тариқи NGN ҷудо карда шаванд, то даромадҳои буҷети давлатӣ бештар гарданд.
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
В ответ лишь длинные гудки. Как работают номера горячих линий служб по миграции в Таджикистане?
В Фархоре сдали новые дома для 36 семей, пострадавших от весеннего паводка
Какой он, идеальный муж в Таджикистане?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер киномузыки Болливуда, спектакль «Женитьба» и лекция о путешествиях
Бензин в Таджикистане – самый дорогой в Центральной Азии
Более 58% детей мигрантов в РФ показали хорошее знание русского языка – исследование
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста