Садамаи чархбол бо сайёҳони хориҷӣ дуюмин ҳодисаи ногувор баъди амали террористӣ дар Данғара тайи 15 рӯзи охир шуд. Ин ҳодисаҳо ҷони 9 нафарро рабуданд, ки ҳафт нафарашон хориҷиён буданд ва ба кишвари мо барои сайругашту фароғат ва бардошти таассуроти нав омада буданд. Ва ин сафар барои онҳо охирин шуд…
Тамоми Тоҷикистон ин ҳодисаҳоро бо андӯҳи гарон қабул кард. Шаҳрвандони мо назди сафоратхонаҳо гул мебаранд, тавассути ВАО ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдардӣ изҳор менамоянд. Мардум сипас баъди дарки воқеияту каме ба худ омадан савол ба миён мегузоранд: то чӣ андоза ин ҳодисаҳо ба бахши сайёҳии мо таъсир мерасонанд, зеро мо соли 2018-ро Соли сайёҳӣ эълон кардаем.
Ба ин савол чӣ посухе метавон дод?
Албатта, ин ҳодисаҳо ҷолибияти кишвар ва шумори сайёҳони хоҳишманди сафарро низ зиёд намекунанд. Ҳарчанд аз амалҳои террористӣ ҳеҷ касе эмин нест, онҳо ҳам дар кишварҳои осудаҳоли Ғарб, дар Чини дар ҳоли рушди босуръат қарордошта, дар давлатҳои сарватманди Шарқи Наздик ҳам рух медиҳанд. Ва мо бояд ин фоҷеаҳоро паси сар карда, ба оянда назар андозем.
Ба ақидаи ман, ҳодисаҳои рухдода бояд моро водор созанд, ки дар бораи самаранокии кӯшишҳоямон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда сари андеша равем. Нахуст корҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар набояд ба маъракаи навбатие табдил ёбад, ки барои худнамоишдиҳӣ гузаронида шуда, аллакай моҳи январи соли 2019 ҳама аз он фаромӯш кунанд. Агар мо бахши сайёҳиро ба индустрияи ҳақиқӣ ва яке аз сарчашмаҳои муҳими даромад барои кишвар табдил доданӣ бошем, ҳамарӯза бояд бо ҷидду ҷаҳд ва талоши зиёд кор кунем, то ки ба натиҷаи воқеӣ расем. Ин кори яксолаву дусола нест. Кумитаи чанде қабл таъсисёфтаи рушди сайёҳӣ корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад, лекин имконоти як Кумита хеле нокофӣ аст. Дар ин самт бояд ҳама кор карда, маблағҳои дахлдору зарурӣ низ бояд ҷудо шаванд.
Дар фурудгоҳҳҳову сарҳад, марказу минтақаҳои кишвар тартибот ҷорӣ кардан лозим аст. Ба гунаи мисол, мо ҳоло танҳо ба бунёди ҳоҷатҳонаҳои сарироҳӣ оғоз кардем. То ҳанӯз вақте автобус бо сайёҳони хориҷӣ барои дамгирӣ меистад, ба сайёҳони ҳайрон пешниҳод мекунанд, ки дар саҳроҷо (пушти санге ва кӯҳе) қазои ҳоҷат кунанд. Ин шармовар аст.
Ҳамчунин мо бояд тариқи ВАО-и байнулмилалӣ бояд ба тамоми ҷаҳон аз кишвари кӯҳистонамон ҳарчи бештар маълумот диҳем. Ахиран наворҳои бисёр ҷолиби видеоӣ бо зебоиҳои муъҷизаноки Тоҷикистон таҳия шуданд, лекин онҳо танҳо дар шабакаҳои телевизиони худи кишвар намоиш дода мешаванд. Мо худро муътақид месозем, ки кишварамон чӣ қадр зебост? Масалан, ман надидаам, ки ин гуна наворҳои видео дар Euronews, BBC, CNN, шабакаҳои телевизиони Фаронса ё Чин пахш шуда бошанд. Онҳоро намоиш надоданд ё ман бехабарам?
Дар хотир дорам, ки бори охир навори видеоии рекламавӣ дар бораи Тоҷикистон соли 2011 бо ташаббуси ТАЛКО дар Euronews намоиш дода шуда буд. Аз он замон 7 сол сипарӣ шуд. Агар аз он вақт мо дигар зебоиҳои худро ба касе нишон надода бошем, пас чӣ гуна як олмониву чинӣ ё мисрӣ дар бораи Кӯҳҳои Фон ё Ҳафткӯл маълумот пайдо мекунад?
Илова бар ин, ин корро ҳозир мебояд кард, то ки падидаҳои манфӣ нисбати имиҷи кишварро пас аз ҳодисаҳои фоҷеабори ахир аз миён бурд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.