“Дастгоҳи президенти ИМА Доналд Трамп ва худи ӯ бо амалу изҳорот ва эроду хурдагириҳо нисбат ба давлату сиёсатмадорони барояшон номатлуб беақлонеро ба ёд меоранд, ки бидуни ҳарос аз оқибатҳои ин рафтори худ ҳар чизе, ки хоҳанд, мегӯянду амалӣ мекунанд”, - гуфт дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов.
Дар мавриди шиддати вазъи имрӯза байни Вашингтону Теҳрон пас аз куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, сиёсатмадор таъкид дошт, ки шояд Трамп ва дастгоҳи ӯ имрӯз дар бораи иқтидори ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии Эрон маълумоти кофӣ надошта бошанд.
“ИМА бо пирӯзӣ бар сохти давлатдории Муаммар Қаззофӣ дар Либия ва Саддом Ҳусейн дар Ироқ шояд иқтидор ва имконоти Эронро нодида мегирад, ки ин нофаҳмӣ барояш метавонад ҳалокатбор бошад”, - таъкд дошт Шабдолов.
Сиёсатмадор бар ин назар аст, ки баъд аз қатли генерал Сулаймонӣ хориҷ шудани Эрон аз созиши ҳастаии қаблан ҳосилшуда, Теҳрони расмиро ба бунёди силоҳи қатли ом наздиктар мекунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, иқтидори имрӯзаи ҳарбиву иқтисодии Эрон имкон медиҳад, ки он бе силоҳи ҳастаӣ ҳам ба таҳдидҳои ИМА истодагарӣ кунад. Изҳороти Трамп доир ба омодагии Вашингтон ҷиҳати зарбаҳо ба иншооти фарҳангии Эрон ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон, аз ҷумла, дар худи Амрикоро зидди сиёсати ӯ бармеангезад.
“Ман табиатан хушбинам ва бовар дорам, ки ин буҳрон оқилона ва бе ҷанг ҳал мешавад. Дар акси ҳол аз он ҳама, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, тамоми Ховари Миёна, Русия ва Чин бо сармоягузориҳои худ ба иқтисоди минтақа, ИМА ва иттифоқчиёнаш дар саросари дунё зарар мебинанд”, - таъкид дошт сиёсатмадор.
Дар ҳамин ҳол, ӯ мутмаин аст, ки дар ҷанг бо Эрон иттифоқчиёни ИМА, аз ҷумла, аз кишварҳои аъзои НАТО зиёд нахоҳанд буд.
“Аксари сиёсатмадорони оқил дар Берлину Порис, Токио ва Лондон, Маскаву Пекин мефаҳманд, ки ҷанги ИМА бо Эрон роҳ ба бунбаст буда, ин таҳдид ба амнияти натанҳо Вашингтону Теҳрон, балки тамоми инсоният аст”, - афзуд Шабдолов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста