Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад. Соли 1912 аввалин шумораи “Бухорои Шариф” маҳз дар ҳамин рӯз чоп шудааст.
Дар зер навиштаҳои соҳибкасбони шинохта перомуни вазъи кунунии рӯзноманигории Тоҷикистон аз сафаҳоти фейсбукии онҳо бознашр мешаванд.
Матбуъоти Тоҷикистон...
Мурғе беболу пар дар қафас, ки замоне паридан ҳам балад буд. Ва шакке нест, ки дубора пар хоҳад рӯёнду бол хоҳад гушуд. Имрӯз рӯзи туст ва рӯзи ниёиш барои ту. Рӯзи орзуҳои ҷавонмарги ту, ки орзумандам баргардад. Туро чун афсонае дӯст дорам, ки замоне буд ва дубора ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва фардои мо хоҳад шуд. Хоби гарони имрӯзат зангу ҷараси фардоҳо хоҳад буд. Паридию нишастӣ. Парбаста. Ва боз ҳам хоҳӣ парид то авҷи осмонҳои баён. Эй кош...
РӮЗИ МАТБУОТ дар СМАЙЛИКҲО
Ҳамчуноне ки ҳайкали "Фемидаи чашмбаста"-ро ман дигар рамзи адолати судӣ намешуморам, матбуоти тоҷикро низ дигар хабарсоз намебинам.
Метарсам, ки Фемида, бо чашмони баста шамшерашро ба гардани бегуноҳе назанаду сари ӯро аз тан ҷудо созад, зеро чашмонашро бастаанд, ки гунаҳгорро аз бегунаҳ фарқ карда натавонад...
Матбуотро ҳам забон набандед,
Зеро бо даҳони баста ӯ хабар расонида наметавонад, вале ишораҳояш бо чашму абрӯ маънои дигар дода метавонад...
***
Олими сиёсатшиносе дар рисолаи илмии ман дар бораи Воситаҳои ахбори омма ибораи "ҳокимияти чорум"-ро хонду онро хат зад.
Гуфтамаш, устод ин ибора дар сиёсатшиносиву журналистикаи ҷаҳонӣ ва илмҳои ҷомеашиносӣ рамзан чунин қабул аст. Дар дохили нохунак навишта мешавад, ҳарчанд муҳаққиқони соҳа нақши онро аз се ҳокимияти дигар камтар намедонанд.
Ӯ абрӯ боло карду назари қаҳролуде ба сӯям андохт, ки рамуз гирифтам.
- Тавассути нохунак барои се ҳокимияти дигар "безарар" )))) гардонида шудааст, - хандида ташреҳ додам барои исботи навиштаи худ.
Гуфт:
- Ҳамин гап ба ман маъқул нест ва он набояд бошаду намегузорам, дар илми сиёсатшиносии тоҷик роҳ ёбад.
Кори илмии ман соли чорум аст, ки бе "ҳимоя" монд. Зеро "ҳокимияти чорум"-ро ба маҳдудаи тангтаре бурдану нияти вожгун кардан, хатаре баробар бо коронавирус аст...
***
Чаро расонаҳои давлатӣ бо теъдоди зиёди нашр мегарданду маҳбубияти мардумро соҳиб нашуданд?
- Мардум инъикоси ҳаёти ҳақиқияшонро аз саҳафоти онҳо кофту наёфт, - гуфт дар посухи ман мӯсафеде дар Раштонзамин.
***
Чаро дилхоҳ тиҷорат дар кишвар мояи рӯзгузаронисту тиҷорат дар матбуот моликро муфлис мекунад?
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва андоз ягона василаи бастани тиҷорати ахбор нест... Хабари дурӯғ харидор надорад, хабари ростро нашр кардан нахоҳанд...
***
Муаллим аз шогирд суол кард, ки ба вожаи журналист чӣ муродифе медонад?
Талаба гуфт:
- Террорист.
Ин посухи бесаводонаи як кӯдаки нодон, ҷони чанд масабдорро аз дори виҷдон халос карду ба қишри болонишин мақбул ва баъдан қабул гашт...
***
Бадбахтии нашрияҳо ва сармуҳаррир надоштани журналисти хуб нест.
Бадбахтии ӯ доштани "куратор"-они зиёде аст, ки на чӣ будани журналистикаро медонанду на рисолати ВАО-ро.
***
Вақте аз сармуҳаррирон мепурсанд, ки чӣ камбудӣ дар идораҳо доред ва ба роҳбарият суол надоред?
Онҳо хомӯшанд, вале ба дил мегӯянд:"... суол ҳам дорему садҳо мушкил ҳам. Вале кӯдак дорему ширинии курсӣ боз ширинтар аст"...
***
Рӯзи матбуот идест, ки раисон дӯсташ надоранд, вале хавф аз журналист дар баробари террорист аст.
***
Иттилоъ дар ҷаҳон қимматтарин мол дар бозори ҳукуматдорӣ ва бузургтарин яроқ дар сиёсат аст.
Носареҳиятӣ дар иттилоъ давлатмардонро заъиф ва пеши гурӯҳаки фитнакору тамаъҷӯ, ки ҳалқаи танги душманонае беш нестанд, дастнигар месозад.
Иттилои ростин қудрати инсонҳо ва кишварҳост...
***
Рӯзи матбуот ба ҳамаи журналистон ва хонандагони онҳо муборак бод!!!
***
P.S: Дар баландии 98-ум ошёна кас мехоҳад дар масоҳати парвози мурғони ҳаво озодона парвоз кунад.
АММО
метарсад
. . .
Зеро ҳеҷ гоҳе чун паррандаҳо озодияш надодаанд!
Ид муборак, Далер!
Ба ин ҷашн бештар аз ҳамаи мо ту ҳақ дорӣ!
Ту метавонӣ аз ин касб бештар аз мо ифтихор намоӣ!
Чун то охир содиқ ва пойбанди меъёрҳои ҳирфа мондӣ.
Зиндаву саломат бошӣ!
Худованд ҳарчи зудтар озодиро насибат кунад!
Террористи № 0
Матбуоти тоҷик Усома бини Лоданро мемонад. Онро кофтан мумкин, наёфтан ҳам
Ба чашми хонандагонатон чӣ гуна менигаред?
Чанд сол пеш, то ин ки дар бораи вазъи ахири матбуоти тоҷик чизе нависам, назарсанҷие анҷом додам. Пеши чанде аз ҳамкасбон, асосан муҳаррирони нашрияҳо, суол гузоштам: оё метавонед ба чашми хонандаи худ нотарсида нигоҳ кунед?
Ҳадафи савол танҳо як чиз буд: муайян кардани он ки нашрияҳои имрӯза то куҷо аз хонандаи худ вобастаанд, ё умуман вобаста ҳастанд?
Агар посух ба суол мусбат буд, маънии онро хоҳад дошт, ки таи ин муддат ҳеч мавзӯе боқӣ намондааст, ки аз мадди назари нашрияҳои Тоҷикистон ва қаламбадастони он дур монда. Вале, агар ҷавоб манфист, маънии дигаре дошт: на ҳама чиз аз ману шумо – хонандаи ин нашрияҳо вобаста будааст.
Дар посух, онҳое ҳам буданд, ки гуфтанд: бале, ман ба чашми хонандаи худ нотарсида нигоҳ карда метавонам. Зеро ҳеч қаҳрамоние аз худ нишон додан намехоҳам. Танҳо мехоҳам оромона зиндагӣ кунам ва зиндагии шахсии оромро соҳибам!
- Оре, ба чашми хонанда нотарсида нигоҳ карда метавонам, зеро ман дарду доғи онҳоро менависам, аммо «қайчӣ»-и соҳиби рӯзнома бисёр дароз шудаасту дар «буридан»-и матлабҳо ҷасуртар. Яъне, ман рисолати касбиамро ба ҷо меорам, аммо… - гуфт нафари дигар.
Ҷавобҳои аҷибтаре ҳам буданд: дилам ба хонандаам месӯзад, ки аз ман интизориҳои бештаре дорад, аммо намедонад, ки вазъи ман аз ӯ хубтар нест.
Иқрор мешавам. Дар ҷавоб ба суоли пешгузоштаам аз қаламбадастони имрӯза танҳо як ҳолати мусбатро эҳсос кардам. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҷавобашон самимӣ бошад. Ҳадди ақалл зимни суҳбат бо ман…
Ченак бояд чӣ бошад?
Матбуоти рӯзҳои мо вазъи соли 2003-2004, ҳатто 2015-ро надорад. Дуруст, ченаки соли 1991-92-ро низ набояд фаромӯш кард. Зеро маҳз он замонро «давраи тиллоӣ» меноманд. Аммо ба иқрори як тан аз хабарнигорони машҳури солҳои 90 Мирзои Салимпур, матбуоти солҳои 2003-2004 аз матбуоти солҳои аввали истиқлоли кишвар бо масъулияти бештари худ фарқ мекард.
Ба қавли ӯ, дар солҳои 90 рӯзномаҳо ва хабарнигорон дар бораи пайоварди матлаби навиштаву чопкардаашон камтар фикр мекарданд, агар фикр намекарданд, нагӯем. Зеро худи ҷомеа аз масъулият дур шуда буд.
Ба андешаи инҷониб бошад, мабуоти солҳои 2003-2004 масъулияти аз ҳад зиёдеро ба худ гирифта буд. Ҳатто масъулиятҳоеро, ки ба рисолати касбии онҳо умуман дохил намешуд. Сухан дар бораи назорати аз ҳад ҷиддӣ аз болои нашрияҳое меравад, ки чопашон ҳоло мутафаққиф шудааст.
Мешавад гуфт, ки онҳо ин равандро бе каму кост пушти сар карданд. Ба ҳар сурат, ҳеҷ мушкили ҳуқуқие дар фаъолияти онҳо пайдо нагардид. Масалан, ҳамчун муассис ва сардабири рӯзномаи «Рӯзи нав» мегӯям, ки дар фаъолияти нашрияи мо ҳеч гуна ҷурм то имрӯз ошкор нашудааст. Аз ҳамин хотир, сабаби нашр нагардидани он на танҳо барои хонанда, балки барои ман низ муаммост. Муаммое, ки ҳалли он аз ману хонандаи рӯзнома умуман вобаста нест…
Матбуоти аллакай замони нав
Дар саргаҳи матбуоти фаъоли имрӯза нашрияи «Миллат» меистад, ки мутаассифона, ҳоло он ҳам гоҳнома шудааст. Он замоне аз қайди давлатӣ гузашт, ки тақрибан 1,5 сол мақомоти Тоҷикистон ягон рӯзномаро сабти ном накарданд. Замоне, ки кӯшишҳои Марат Мамадшоев барои сабти ном кардани рӯзномаи «Имрӯз» ва саъйи Зафар Абдуллоев барои нашрияи “2Х2”” бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Сабаби ради нашрияи «Имрӯз»-ро намедонам ба чӣ мансуб дониста буданд, аммо ба Зафар Абдуллоев сабаби бисёр хандаовар доданд: дар Ойиннома хатоҳои имлоӣ вуҷуд дорад!
Ин «хатоҳо» ҳар қадар ислоҳ шудаву боз ҳам пешниҳод мешуданд, «ислоҳи» худро наёфтанд. Зафар маҷбур гардид, ки чанд шумора нашрияи «2Х2»-ро бо теъдоди 99 нусха аз тариқи принтер чоп намояд. Марат бошад, «Имрӯз»-и худро он замон дар шакли сомонаи интернетӣ фаъол кард, вале ҳар ду умри дароз надиданд.
Баъдтар мақомот гуфтанд, ки сабаби сабти ном накардани нашрияҳо танҳо ба он вобаста аст, ки ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид кардан мехоҳанд. Аммо касе ба ин суол ҷавоб гуфтан намехост, ки оё то пайдо шудани қонуни нав қонуни кӯҳна бояд амал накунад? Агар не, пас кадом қонун бояд амал кунад? Беқонунӣ?!
Ҳолатҳои мазкур танҳо барои он оварда шуданд, ки фаҳмидан осон шавад: матбуоти имрӯзаи ба истилоҳ “замони нав” дар кадом заминае ба вуҷуд омад ва аз онҳо чӣ мешавад интизор буд?
«Дудбаро» ё «муборизаи коғазӣ»
Пас аз «Миллат» нашрияҳои дигар низ арзи ҳастӣ намуданд: «Факты и комментарии»-и Зафар Абдуллоев, «Фараж», “Вақт”, «Овоза», «Нигоҳ», «Озодагон» ва ғ.
Бозори матбуот аз нав авҷ мегирифт. Соли 2006, вақте рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардид, аз ман пурсиданд: вазъи феълии матбуотро чӣ гуна баҳо медиҳед ва сабаби «ҷон» гирифтани бозори матбуоти тоҷикро дар чӣ мебинед?
Посух додам:
- Нашрияҳои имрӯза аслан нақши «дудбаро» ё ба қавле «мӯрӣ»-ро иҷро мекунанд. Зеро мушкилот дар ҷомеа он қадар зиёд шудааст, ки як хонаи пур аз дудро мемонад. Дар ин ҳолат равзана, ё «дудбарое» лозим буд, ки ҳавои хонаро сабуктар намояд. Иҷрои ҳамин нақш ба дӯши матбуот афтодааст.
Аслан, чунин нақш ҷои бадӣ надорад, агар нашрияҳо танҳо ба он побанд намонанд. Аммо мушкил дар дигар ҷост. Дар Тоҷикистон таъиноти журналистикаро ҳеҷ вақт дуруст дарк накардаанд. Ба он то ҳанӯз танҳо аз нигоҳи идеологӣ баҳо медиҳанд ва мехоҳанд танҳо ҳамин нақшро бибозад. Бефоида!
Гуфта будам ва боз мегӯям, ки нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон танҳо аз уҳдаи «муборизаи коғазӣ» мебароянду халос. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо мехоҳанд ва гумон доранд, ки танҳо ба воситаи минбари расонаҳо метавонанд ғалабаи худро таъмин намоянд. Албатта, чунин бояд бошад, аммо дар кишварҳои мутамаддин. Агар нерӯҳои сиёсӣ Тоҷикистонро чунин кишвар медонанд, пас мушкил дар фаъолияти худи онҳост, ки ҳоло ба ҳеҷ чиз муваффақ нестанд.
Аммо аҷобат дар дигар ҷост. Ба назари ман, ҳукумат ҳам хулоса кардааст, ки ба воситаи «муборизаи коғазӣ» пирӯзӣ ба даст овардан мумкин. Аз ҳамин хотир, бархӯрди мақомот дар аввал на ба нерӯҳои сиёсӣ, балки ба матбуот сурат гирифт. Бо ҳамин, гӯё муборизаҳои сиёсӣ ба анҷом расиданд…
Матбуоти навпайдо наметавонист ин ҳамаро сарфи назар намояд. Яъне меъёри ба кӣ минбар додан ё надодани худро фаромӯш намекард.
Боре, пас аз он ки нашрияҳои имрӯзаи тоҷикӣ хеле фаъолият карданду ҳеҷ муваффақ намегардиданд, соҳиби яке аз онҳо гила кард:
- Ҳеҷ намефаҳмам, тақрибан ҳамон мавзӯъҳоеро пайгирӣ мекунем, ки «Рӯзи нав»-у «Нерӯи сухан» дар замони худ мекарданд, аммо нашрияамон мисли онҳо хонанда пайдо намекунад.
Маслиҳат додам:
- Омили «кӣ мегӯяд» дар тамоми дунё бисёр муҳим аст. Яъне барои хонанда пеш аз ҳама он нукта аҳамият дорад, ки дар бораи мушкилоташон кӣ ҳарф мезанад. Аз ҷониби дигар, хонанда ба нашрияҳои нав чандон эътимод надорад. Зеро онҳоро мисли ҳизбҳои навпайдои сиёсӣ лоиҳаи махсуси ҳукумат мепиндорад. Ба ин паҳлӯи масъала таваҷҷуҳ намоед, ку чӣ мешавад.
Баъди ин, оҳиста-оҳиста дар матбуоти тоҷик номҳои Кабирӣ, ки он вақт муовини раиси ҲНИТ буду ҳизбашон ҳам мамнӯъ не, Қувват Султону Зойирову Искандарову дигару дигарон пайдо шудан гирифтанд ва аҷиб буд, ки теъдоди рӯзномаҳо ҳам андак-андак боло рафт.
Аммо, ба назари ман, соҳибони нашрияҳо мушкили худро дар ҷои дигар медиданду мебинанд: дар мавҷудияти якдигар!!!
Яъне фалон нашрия агар набуд, теъдоди нашрияи дигар гӯё меафзуд. Тирамоҳи соли 2010, вақте “фасли нав”-и қатъи нашрияҳои мустақил пеш омад, раҳматии Акбари Саттор баъд нақл кард, ки пас аз ин ҳолат теъдоди нашрияҳояшро зиёд кард. Аммо он ҳафта маҳз ҳамон миқдор нашрия фурӯхтанд, ки пештар ба фурӯш мерафт. Манзур, як нашрия ҳич гоҳ ҷои дигарро гирифта наметавонад.
Аз ин ҷост, ки соли 2006, вақте яке аз ҳамкасбон дар як нишасти минтақавӣ суханронӣ карда, гуфтааст: “Биёед, дигар дар бораи «Рӯзи нав»-у «Нерӯи сухан» ҳарф назанем, балки дар бораи он нашрияҳое сухан кунем, ки ҳоло ҳастанд”, ин бардоштро бо табассум пешвоз гирифтам. Зеро таърих исбот кардааст, ки вақте мушкили системавӣ, агар роҳи ҳал наёбад, чизе тағйир намеёбад. Аз ин ҷост, ки пас аз он ҳам чандин нашрияҳо пайдо шуданд ва фаъолияташон бо ин ё он сабаб қатъ шуд …
«Ками моро ба ҷои мӯл донед!»
3 майи чанд соли пеш, вақте дар Тоҷикистон ҳам рӯзи ҷаҳонии матбуоти озодро ҷашн мегирифтанд, банохост сухан дар бораи он рафт, ки озодӣ назар ба матбуот дар берун зиёдтар аст. Яъне матбуот на ҳамаи озодиҳои ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад.
Баъд ба ҳамкасбони худ бо як суол муроҷиат намудам: дар ҳамин як соли ахир кадом мавзӯъҳое буданд, ки матбуот онҳоро сарфи назар кард?
Ҳеч кас ҷавоби аниқ дода натавонист. Мазмун, ҳар чизе буд, ба фикрам гуфтем!
Посухи нисбатан ҷиддитарро Олга Тутубалина дод:
- Оре, мо кам медонем! Аз ҳамин хотир, фикр мекунем, ки ҳама чиро гуфтаем…
Матбуот ва марказҳои қабули қарор
Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки матбуот барои кӣ мегӯяд ва аслан барои кӣ бояд гӯяд? Агар матбуотро ба ҳайси «ҳукумати чорум» пазиро бошем, он дар байни ҳукуматҳои дигар як бартарӣ дорад: ҳукуматҳои дигарро ҳар 5 ё 7 сол интихоб мекунанд, аммо матбуоти тоҷикро ҳар ҳафта як бор ва ками андар камро ҳар рӯз ё ҳафтае 3-4 маротиба.
Замоне, ки Тоҷикистон нашрияи ҳаррӯза надошту ҳафтае як бор чоп мешуд, ёди Акбари Саттор гиромӣ бод, ки бо шӯхӣ боре гуфт:
“Матбуоти мо мисли худамон “ҳафтафаҳм” аст”.
Соли 2010 дар Тоҷикистон нашрияи ҳаррӯза ҳам пайдо шуд. Дар паи он ҳукумат ҳам нашрияи расмии худро ҳаррӯза кард. Аммо ҳоло сухан аз “ҳукумати чорум” аст, ки мутаассифона, дар мо фаҳмиш дар бораи ин мафҳум низ комил нест. Бархе ҳамкасбон, гумон мекунам, ҳоло ҳам фикр доранд, ки модоме онҳо ҳукуматанд, бояд ба онҳо бинои махсус, курсиҳо бидиҳанд ва онҳо ҳукумат ронанд. Дар асл, “ҳукумати чорум” на воситаҳои ахбори омма, балки афкори ҷамъиятист, ки тариқи нашрияву расонаҳо, ТВ ва радио гуфта мешаванд.
Вақте ба ин ҷо мерасем, масъалаи нуфуз ва таъсири нашрия пеш меояд. Ба тарзи дигар, то кадом андоза оммавӣ гардидан ё нагардидани онҳо. Фикр мекунам, яке аз масъалаҳое, ки дар фаъолияти «Рӯзи нав» мушкил пеш овард, ҳамин оммавӣ гардидани он буд. Яъне касе аз таъсири афзояндаи шуҳрати он сахт дар ташвиш шуд. Мо ин ташвишҳоро аз байни ҳамкасбони дигарамон накофтем. Медонистем, ки ташвиш аз барои чист ва чаро ба вуҷуд омадааст.
Аммо матбуоти имрӯза бо сари баланд дар бораи кадом масъалаҳое ҳарф зада метавонад, ки дар муддати як соли ахир дар ҳалли онҳо саҳм гирифтааст?
Ин суолро ба чанде аз ҳамкасбон дар миён гузоштам. Ягона масъалае, ки онҳо гуфтанд, нияти болоравии нархи интернет дар апрели соли гузашта ва тамдиди табдили шиносномаҳо дар соли равон буд.
Метавон бо ҳамкасбон дар ин росто то ҷое ҳамфикр буд.
Аммо инро наметавон ҳамчун далели таъсир гузоштани матбуот ба марказҳои қабули қарор пиндошт.
Чаро?
Зеро ҳоло Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое, ки дар онҳо ҳарфи мардум шунида мешавад, гузоштан як навъ шитобкорист. Дар ҳақиқат, мо метавонем аз тариқи расонаҳо дар ҳалли баъзе масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ саҳм гузорем. Аммо ман ҳеч бовар надорам, ки дар қабули қарорҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳамин гуна вокунишро ба миён оварда тавонем. Масъалаи матбуоти озод бошад, ҳамеша сиёсӣ буд ва ҳаст. Боре навиштам: матбуоти қавии мустақилро танҳо ҳукумати қавӣ тавони бардошт дорад!
Вале дар мо, агар танқиди матбуот корагар мебуд, чандин вазиру раисҳо, ки аз тариқи нашрияҳо танқиди зиёд мешаванд, на танҳо сабукдӯш намешаванд, балки баъзан мартабаи баландтаре ҳам мегиранд.
Ин чунин маъно дорад, ки матбуоти фаъоли тоҷик фикрзову таъсиргузор нашудааст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин омили бисёр муҳим аст. Мардум ҳам намегузоранд, ки чунин нашрияҳои оммавию таъсиргузор ба зудӣ ва бо хости ҳукуматҳо бо мушкил рӯ ба рӯ шаванд. Манзурам ҷомеаҳои пешрафта аст, ки матбуот фикрзо, таъсиргузор ва манбаи маълумоти алтернативист. Масалан, охирин кӯшиши ҳукумати Олмон барои “бастани” нашрияро ба даврае нисбат медиҳанд, ки мехост фаъолияти маҷаллаи таъсиргузору маъруфи “Шпигел”-ро қатъ кунад. Вале мардум ба кӯчаҳо рехт ва аз маҷаллаи дӯстдоштаи худ ҳимоят кард. Зеро ин маҷалла мустақил буд, ба дилхоҳ “хоҳиш”-и ҳукумат чорзону зада, “лаббайк” намегуфт. Танҳо аз хонандаи худ вобаста буд...
Мавзӯъ тағйир намеёбад…
Онҳое ҳам дуруст мегӯянд, ки замоне аслан мавзӯъҳои баррасикунандаи онҳо аз мавзӯъҳои матбуоти соли 2003-2004 тақрибан тафовут надошт. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон кишвари бузурге нест, ки ҳар лаҳза як ҳодисаи ҷолиб пайдо шавад. Аммо, агар ба матбуоти Тоҷикистон назар андозӣ, фикр мекунӣ, ки ҳамаи онҳо аз як марказ идора мешаванд. Аз ин ҷост, ки ҳар ҳодисаро тақрибан яксон шарҳ медиҳанд. Диди хос, сиёсати редаксиониву иттилоотии мустақил ва тафовутпазир, он чӣ, ки ба фикри ман, ҳоло матбуоти мо надорад...
…бархӯрд ҳам
Ҳукумат ҳамеша аз матбуот ва журналистони мустақил як гила дорад: инҳо “муваффақиятҳои” моро намебинанд!
Яъне бархӯрди элитаи ҳукмрон ба матбуот ва расонаҳо сирф идеологист ва он ҳам идеологияи монанд (баъзан сахттар) аз шӯравӣ. Дар ҳоле, ки ҳоло усули пропаганда низ дар дунё шакл иваз кардааст. Аз ин ҷост, ки гуфтан душвор, масалан, матбуоту расонаҳои ғарбӣ, ё русӣ ба пропаганда машғул нестанд. Вале бо шеваи “муосиртар” ва “ба ҳақиқат наздик”. Дар мо бошад, мисли замони шӯравӣ ҳоло ҳам фикр доранд, ки ҳарчӣ дар матбуот гуфта шуд, оҳанги ҳукм дорад ва мардум бовар мекунанд. Аммо не! Ғарб ва ҳамаи кишварҳо дар рӯ ба рӯи мушкили “фейкнюс”, ки аз тариқи расонаҳои нав паҳн мешаванд, дармондаанд. Барои ҳамин дарси “саводи расонаӣ”-ро ҳанӯз аз кӯдакистон ва мактабҳо сар мекунанд, то одамон байни ахбори ҷаълӣ (дурӯғ) ва рост фарқ гузошта тавонанду онҳоро ошкор намоянд...
Ин гуна фаҳмишҳо, агар дар Тоҷикистон ҳаст, боз ҳам ба воситаи созмонҳои байналмилалии журналистӣ, ки наметавонанд сахт таъсиргузор бошанд. Аврупову Ғарб садҳо миллионҳо доллар масраф мекунанд, лабораторияҳои вижа месозанд, дар сатҳи давлат баррасӣ мекунанд, то пеши роҳи “инқилоби даҳшатнок” – ахбори дурӯғинро бигиранд, ки метавонад ба кишварҳо хатари воқеӣ пеш биёрад.
Дар мо чӣ?
Зӯрашон ба кӣ мерасад? Ба журналистон!
Дар симои онҳо “террорист” мебинанд. Воқеан, чунин тамғагузорӣ ҳам буд. Вақте тирамоҳи соли 2010 вазири собиқи мудофиа Шералӣ Хайруллоев журналистонро дар ҳамкорӣ бо террористон маҳкум кард ва ҳамин тавр чанд муддат нашрияҳои фаъол аз чоп бозмонданд...
Хулоса, матбуоти тоҷик баъзан вазъи доштаи Усома ибни Лоданро ба хотир меорад. Худашон ташкил карданд ва худашон акнун кӯҳ ба кӯҳ ӯро мекобанд?
Барои «гапнодаро» шуданаш?
Воқеан, замоне, ки Викиликс пайдо шуд, навишта будам, ки акнун “миссияи Ибни Лодан” тамом шуд. Дере нагузашта ӯ, дар ҳақиқат, кушта шуд...
Аммо “террористи №0” дар Тоҷикистон – яъне матбуоти мустақил ҳанӯз зинда аст, вале худаш ба “зинда” будани худ чандон бовар надорад...
На что имеет право президент Таджикистана, и какие обязательства у него есть перед народом
Таджикского актера в Москве приговорили к 14 годам колонии по обвинению в шпионаже
Где и как в Душанбе зарядить электромобиль?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Спасение ледников, горячее питание на борту, пауза на китайские товары и медальный дождь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 ноября 2024 года
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Открытие таджикского химика из Канады украсило обложку престижного научного журнала
Транспортно-логистический форум в Душанбе наметил пути сотрудничества между ведущими таджикскими компаниями
В Узбекистане родителям запретили бить детей
Две бронзы выиграли таджикские борцы на поясах на ЧМ-2024 в Казани
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста