То ҳукумат қавӣ набошад, матбуот наметавонад худро озод ҳис кунад.
Агар буҳрони COVID-19 пеш намеомад, интизор мерафт, ки имсол ҳам дар Тоҷикистон вобаста ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод иқдомҳое сурат мегирифт. Тайи 17 соли ахир баргузории нишастҳои ҳамчунин анъана шудааст. Маҳз 3-юми май журналистон, коршиносон ва ҳуқуқшиносон ҷамъ меомаданд, аз мушкилоти худ ҳарф мезаданд ва пароканда мешуданд… то пайдоиши мушкилоти нав дар ин бахш.
Суоле, ки тайи ин муддат посухи мушаххаси худро пайдо намекунад, як аст: чаро мушкилоте, ки ҳамасола дар бораашон бо ҳарорат сухан мегӯянд, ба поини худ намерасанд? Ба андешаи инҷониб, масъала ба чанд мазӯи калидӣ бармехӯрад, ки дар ин бора ё камтар таваҷҷуҳ мешавад, ё онҳоро умуман нодида мегиранд.
Дуруст аст, ки баъзан воситаҳои ахбори оммаро «ҳокимияти чорум» ном мебаранд. Мутаассифона, баъзе аз ҳамкасбони мо моҳияти «ҳокимияти чорум» буданро, ки ҳукумати рамзист, дуруст дарк намекунанд. Онҳо тасаввур мекунанд, ё чунин назар доранд, ки шояд мисли ҳукуматҳои дигар барояшон утоқҳо ва биноҳои алоҳида ташкил кунанд, то онҳо нишаста ҳукумат ронанд.
Дар асл матбуот «ҳокимияти чорум» нест, балки афкори ҷамъиятӣ ин мақоми рамзист, ки тариқи Воситаҳои ахбори омма (ВАО) гуфта мешавад. Бубинед, моддаи 6-и Қонуни асосии Тоҷикистон низ маҳз халқро манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ унвон мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар тасмими ҳукумат набояд аз зовияи хостаи мардум берун бошад. Дар кишварҳои пешрафта садҳо созмонҳое вуҷуд доранд, ки ба омӯзишу таҳлили афкори ҷамъиятӣ машғуланд ва ҳукумат миллионҳо долларро аз ҳисоби буҷаи худ барои омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ихтисос медиҳад.
Ин тарзи муносибат хоси ҳукуматҳоест, ки ба андешаву афкори ҷамъиятӣ эҳтиром мегузоранд ва ҳар иқдоми худро бар асоси натиҷаҳои ин афкор анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, ба андешаронии мардум тариқи расонаҳои хабарӣ дар бораи ин ё он иқдоми ҳукумат эътибори хос медиҳанд.
Пас, то куҷо гуфтан мумкин аст, ки имрӯз матбуоту расонаҳои мо рисолати худро дар ин замина ба анҷом мерасонанд? Яъне то куҷо тасмимгириҳои шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ бар асоси хостаҳои мардум сурат мегиранд? Мутаассифона, мо ба ин суол посухи мусбат надорем. Ҳамон амри акнун бисёр машҳури 622 низ масъаларо ҳал накард, зеро худи ин амр бархе аз масъалаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошт…
Дар натиҷа чанд соли охир дар ин бора суханҳо зиёданд, ки гӯё озодӣ нисбат ба ВАО, аз ҷумла матбуот, дар фазои берун аз он бештар аст.
Дар ин ҳолат гап сари пайдоиши интернет, шабакаҳои иҷтимоие чун Фейсбуку Твитер ва дигару дигарон намеравад. Зеро баъзе аз гурӯҳҳои пайдошуда дар ин шабакаҳо бештар ғайбатхонаро мемонанд, то ин ки минбари андешаву маълумоти озод бошанд. Фикр мекунам, чунин ҳолатро бояд ба он маънӣ фаҳмид, ки гӯё ҷомеаи мо барои озодии матбуот худро омода накардааст ва карданӣ низ нест.
Масалан, бори охир дар Олмон вақте ҳукумат хост маҷаллаи «Шпигел»-ро бубандад, мардум ба кӯчаҳо баромада, эътироз баён намуданд ва аз маҷаллаи худ дифоъ карданд. Ин маҷалла то ҳол фаъолият дорад ва охирин ҳолати кӯшиши ҳукумати ин кишвар барои мутаваққиф кардани як нашрия гардид.
Аммо дар мо имрӯз як суол ҷавоби худро пайдо накардааст, ки озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст? Ба рӯзноманигорон ё мардум? Фикр мекунам ҷомеа ахиран бояд ба ин суоли стратегӣ посухи дақиқу мушаххас пайдо намояд. Вагарна мо боз солҳои тӯлонӣ шоҳиди бастану задану ба маҳкама кашидани рӯзномаву журналистон мегардему ҷомеаро тамошобини ин маъракаҳо.
Рисолати «ҳокимияти чорум» будани матбуот дар он сурат маълум мешавад, ки дар симои мардум ва хонандаву мухотаби худ нашрияву расонаву журналистон ҳомии худро пайдо кунанд. Дар ин гуна ҳолатҳо нотавон мондани қонунҳоро низ дар вуҷуди худ эҳсос кардем, аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ҳоло аз мавҷудияти қонунҳо ҳарфи камтар занем. Яъне бояд мардум дарк кунанд: ин афкори ҷамъиятист, ки ҳокимияташ ном мебаранд ва расидан ба он кори дастаҷамъона аст!
Агар озодии матбуот ва мушкилоти онро танҳо ба журналистон вомегузоред, ҳеч гоҳ ба озодӣ намерасед! Ин ҳақиқатест, ки ахиран бояд дуруст ҳазм шавад. Дуруст аст, ки анқариб 30 соли охир, ки мо дар шароити истиқлолият ба сар мебарем, ВАО дар баробари дигар институтҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, аммо бояд иқрор шуд, ки расонаҳои хабарӣ беш аз институтҳои дигари ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ тавони бештаре доранд. Манзурам ин аст, ки мақомоти дигар азбаски баробари «ҳокимияти чорум» тавонманд нестанд, доим дар симои матбуот заъфи худро ҳис карда, тамоми кӯшишашонро барои саркӯб кардани он равона мекунанд, ба ҷои он ки худро қавӣ созанд. Мушкили аслии ҷомеаи Тоҷикистон ва бархӯрд ба матбуотро ман дар ҳамин мебинам. Яъне институту сохторҳои дигар то замоне тавонманд нашаванд, матбуот низ наметавонад рисолати худро ба пуррагӣ анҷом диҳад.
Ба таври дигар, матбуоти қавӣ танҳо дар ҳукумати тавонманд ҳузур пайдо мекунад.
Яъне ҳукумати қавию стратег аз чизе сари тарс надорад. Бар илова, аксарият барвақт медонанд: матбуот ва журналистон ҳич гоҳ ба касе, хоса ба давлати худ зарар наовардаанд. Ҳамчунин оё як бору ду бор дидаем, ки ин ё он мансабдор пас аз барканор шуданаш аз курсии мансаб ва ба ин ё он мушкилот гирифтор шуданаш умеди ягонаи худро маҳз дар матбуоту расонаҳо ва журналистон пайдо кардан мехоҳанд? Пас, оинаро шикастан муҳим аст, ё ислоҳи нуқси худ?
Хулоса, агар мо ин мушкилотро ҳал накунем ва ба умқи маънии озодии матбуот сарфаҳм наравем, ба ҳеч гуна озодӣ ҳам намерасему танҳо ҳар 3-юми май ба хотир меорем, ки матбуот бояд озод бошад…
Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.
На что имеет право президент Таджикистана, и какие обязательства у него есть перед народом
Таджикского актера в Москве приговорили к 14 годам колонии по обвинению в шпионаже
Где и как в Душанбе зарядить электромобиль?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Спасение ледников, горячее питание на борту, пауза на китайские товары и медальный дождь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 ноября 2024 года
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Открытие таджикского химика из Канады украсило обложку престижного научного журнала
Транспортно-логистический форум в Душанбе наметил пути сотрудничества между ведущими таджикскими компаниями
В Узбекистане родителям запретили бить детей
Две бронзы выиграли таджикские борцы на поясах на ЧМ-2024 в Казани
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста