Зиёда аз як ҳафта инҷониб дар Facebook баҳсу баррасии масъалаи тахриб ва ба ҷойи дигар кӯчонидани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Душанбе идома дорад.
Дар саҳифаи худ дар Facebook сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов низ дар ин бора изҳори назар карда, Хона-музейи Садриддин Айниро дар шаҳрҳои Самарқанд ва мақбара-оромгоҳи Исмоили Сомониро дар шаҳри Бухорои кишвари ҳамсоя мисол овард, ки то ҳол побарҷоянд.
«Дар Бухоро мақбара-ормогоҳи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон мавҷуд аст. Он, ки дар асри IX бунёд гардидааст, эҳтимол хурдтарин ва хоксортарин мақбара бошад, ки дар тӯли 1100 соли оянда дар минтақа сохта шудааст.
Тӯли ин садсолаҳо на Қарахониёну на муғулҳо, на манғитҳову на Чингизхон ва на Темурланг ба он кордор нашуданд. Баъдан дар замони шӯравӣ ва дар Ӯзбекистон на Хоҷаев, на Рашидов ва на Каримов низ ба ин кор даст назаданд. Давоми ҳазор сол ба хаёли касе намеомад, ки бигӯяд чунин бинои хурдакак дар пасманзари биною қасрҳои нав созгор нест”, - навиштааст сиёсатшинос.
"Даст назаданд, зеро дарк мекарданд, ки он бештар аз бино буда, як рамз аст. Барои Темурланг ин шояд рамзи давлати пуриқтидор ва пешвои тавоно буд. Барои тоҷикон ин як рамзи давлатдории миллӣ аст, ки мо онро барои беш аз 1000 сол аз даст додаем”, - чунин мешуморад сиёсатшинос.
“"Айнӣ ба мардум хотира ва ифтихорро баргардонид"
Муллоҷонов бар ин назар аст, ки Хона-музейи устод Айнӣ дар Душанбе низ на танҳо як бино, балки рамзи давлатдорӣ аст, ки тоҷикон ба таври мӯъҷизавӣ онро дар ибтидои асри 20 дубора ба даст овардаанд ва Садриддин Айнӣ барҳақ яке аз бунёдгузорони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
«Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум сиёсатмадороне буданд, ки масъалаҳои сиёсиро ба дӯш гирифта, аз Маскав ризоият металабиданд, то Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд. Садриддин Айнӣ заминаи таърихию идеологии бунёди Тоҷикистонро фароҳам кард.
Айнӣ дар осор ва корҳои илмии худ мавҷудияти миллати соҳибистиқлоли тоҷик, таъриху фарҳанги он ва ҳуқуқи бунёди давлати худро собит кардааст. Метавон гуфт, ки Айнӣ ба мардуми мо ҳофизаи таърихӣ ва ифтихор аз гузаштаи хешро баргардонид, ки бар асари зиёда аз ҳазорсолаҳо наслкушӣ (генотсид) ва истилову харобкориҳо аз даст дода буд. Давлат ва миллате, ки рамзҳои худро нобуд месозад, ояндае надорад”, - навиштааст Муллоҷонов.
Ёдрас мекунем, ки 12 ноябр шаҳрдории Душанбе хабари пешниҳоди кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айниро дар пойтахти кишвар тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.
Дар иттилоияи шаҳрдорӣ оид ба ин масъала зикр шуд, ки шаҳрдорӣ ба Академияи милkии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд.
Зикр шуд, ки дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда, бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.
Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар ин ҷо, дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода №1 аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.
Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Соли 2028 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.