Пойгоҳи лижаронӣ ва осоишгоҳи «Сафедорак», воқеъ дар 70 километрии Душанбе, деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб аз рӯи натиҷаҳои тендер ба маблағи 1 млн. 925 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА) ба ширкати «Сафед-дара» фурӯхта шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки иншооти мазкур ба тендери сармоягузорӣ гузошта шуда, ин маънои онро дорад, ки харидор ба иваз кардани соҳаи фаъолияти иншоот ҳуқуқ надорад ва боз яке аз шартҳои асосӣ - муддати 6 сол дар ҳаҷми 40 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардан ба иншоот ва фароҳам сохтани 120 ҷойи нави корӣ мебошад.
«Айни замон ин маҷмааи варзишӣ ва сайёҳии «Сафед-дара» буда, ба 5 соли пеш монандӣ надорад. Се бинои нав сохта шудааст. Акнун «Сафед-дара» ҳам тобистону ҳам зимистон минтақаи сайёҳӣ шуда метавонад. Барои корҳои таъмиру азнавсозии он аллакай 15 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст», - қайд кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ширкати «Сафед-дара», ки маҷмааро харидааст, маълумот надод.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январи соли равон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру навсозии куллӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвазири мамлакат аз иншооти бунёдшуда ва таъмиру таҷдидгардидаи ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ дидан намуда, ба корҳои сохтмонию ташкилии он баҳои баланд дод.
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста