Зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Черевченко дар мусоҳиба ба хадамоти матбуоти дастааш изҳор намудааст, ки дар бозӣ бо «Истиқлол»-и Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон «Локомотив» ба силсилаи бозиҳои санҷишӣ оғоз мебахшад.
- Дар давраи тобистонии байни мавсимҳо мо ҳарифонро бо назардошти дар моҳҳои июн-июл баргузор намудани машқҳои таълимиву тамринӣ дар Маскав интихоб кардем. Дар ҳамин ҳол, мо аз Душанбе доир ба вохӯрӣ бо рақиби арзанда ва дар фазои идонаву дӯстона баргузор кардани бозӣ даъватнома гирифтем. Сафар кӯтоҳмуҳлат буда, он ҷо моро ҳам мухлисону ҳам кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон ва ҳам бозигарони дастаи «Истиқлол» хеле интизоранд. Албатта, барои ман сафар ба шаҳри Душанбе махсус аст, зеро ман дар ин шаҳр ба дунё омадаву ба воя расидаам ва ба футбол машғул шуда будам, - овардааст гуфтаҳои сармураббиро хадамоти матбуоти дастаи «Локомотив».
Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон рӯзи 26 июн миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад.
Правила жизни Эмомали Рахмона
Премьер-министр Таджикистана заявил о нарушении прав и свобод таджикистанцев в России
Адама Кадырова включили в Книгу рекордов России
Как сделать литературный таджикский язык популярным?
В Узбекистане принят закон «О креативной экономике». Как он поможет креативному бизнесу?
Что пожелали Эмомали Рахмону лидеры Китая и Узбекистана?
Путин анонсировал встречу с Эмомали Рахмоном в Москве
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Первые электроавтобусы, экстремизм через «интернет-имамов» и миллионы для Рогуна
Эмомали Рахмон поздравил таджикистанцев с Днем государственного языка
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 октября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста