Даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал (футболи хурд) миёни дастаҳои мунтахаби синни то 20-сола, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат меварзад, имсол дар Таиланд доир мегардад.

Дар аввалин Чемпионати Осиё-2017 миёни ҷавонон оид ба футболи хурд, ки аз 9 то 21 май баргузор мешавад, 22 дастаи ҳайаташон иборат аз бозигарони соли таваллудашон на болотар аз соли 1997 иштирок мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ чор гурӯҳ - дутоаш иборат аз 6 даста ва дутоаш - 5 даста ташкил гардида, ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо қувваозмоиҳо барои дарёфти медалҳоро идома медиҳанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонр ба ин мусобиқа Пайрав Воҳидов омода мекунад. То оғози мусобиқа дар Таиланд футболбозони ҷавони тоҷик як қатор вохӯриҳои тамриниву дӯстона баргузор мекунанд.