Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби дипломи ҷоизадорони ҳамоиши нобелӣ гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ФФТ, лоиҳаи барномаи «Футбол ба назди шумо меояд»-и ФФТ барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ барои ҷавонон дар сулҳпарварӣ, дар ҳамоиши 16-уми ҷоизадорони нобелӣ, ки аз 2 то 5 феврал дар пойтахти Колумбия- шаҳри Багота баргузор гардид, ба ин диплом сарфароз шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» аз соли 2013 инҷониб фаъолият карда, мақсадаш фарогирии ҳарчи бештари кӯдакону наврасони кӯчаву маҳаллаҳо ба футбол маънидод мешавад. Соли чорум аст, ки ин барнома ба ҳадафи худ расида, беш аз 300 дастаи футболро ба ҳам овардааст

Хотиррасон мешавад, ки лоиҳаи мазкур як сол қабл барандаи ҷоизаи байналмилалии ташкилоти ««Peace and Sport»-и шоҳигарии Монако гардида буд.