Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди сангин бар ҳарифи амрикоиаш Камерон Буругз пирӯз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин набард шоми 23-юми сентябр дар шаҳри Луизинаи Амрико барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривоят ё версияи WBC ("World Boxing Council") баргузор гардид.

Меҳрубон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки пирӯзӣ барои гирифтани ин камарбанд чандон содда набуд.

"Тӯли даҳ давр бо рақибам муштзанӣ кардем. Ӯ хеле хубу пурқувват буд, вале ман зӯртар баромадам. Пирӯзӣ бо ҳисоби 100:93 ба фоидаи мо анҷом ёфт", - изҳор доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, аз ин пеш, дар моҳи июли имсол, Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи ривояти WBB (“World Boxing Board”) даст ёфта буд.