Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва финалисти дукаратаи Ҷоми AFC, аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2017 дар рейтинг ё феҳрасти Конфедератсияи футболи Осиё дар байни 161 даста мақоми 69-умро касб намудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба сомонаи globalfootballranks.com хабар додааст, ба панҷгонаи аввали беҳтарин бошгоҳҳои футболи Осиё «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ (ҷойи 1-ум, 128,48 имтиёз), «Ал-Айн»-и Имороти Муттаҳидаи Араб (ҷойи 2-юм, 119,855 имтиёз), «Гуанҷоу Эвергранд»-и Чин (ҷойи 3-юм, 102,409 имтиёз), КФ «Сеул»-и Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 4-ум, 101 имтиёз) ва «Ченбук Ҳундай моторс»-и Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 5-ум, 89) дохил шудаанд.

Дар байни бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказӣ дар мавқеи аз ҳама баланд – ҷойи 24-ум бо 44,27 имтиёз - «Локомотив»-и Тошканд қарор гирифтааст.

Дар ин феҳраст ҳамчунин панҷ бошгоҳи футболи Тоҷикистон ворид шудааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар муддати ду соли ахир аз ҷойгоҳи 105-ум ба зинаи 69-ум баромад. Финалисти дукаратаи Ҷоми AFC 20,476 имтиёз дорад.

“Истиқлол” дар се мавсим дар мусобиқоти бошгоҳии аз ҷиҳати моҳият дувуми Осиё ҳамагӣ 29 бозӣ анҷом дода, дар 12-тоаш пирӯз шудааст, 7 бозиро мусовӣ карда, дар 10-тоаш мағлуб гаштааст. Таносуби тӯбҳои даста 45-37 мебошад.

Мавқеи чаҳор дастаи дигари Тоҷикистон дар феҳрасти бошгоҳҳои AFC чунин аст: ҷойи 141-ум «Равшан» (Кӯлоб) – 3,143 имтиёз. Ҷойи 144-ум «Ҳосилот» (Фархор) – 2,476 имтиёз. Ҷойи 146-ум «Хайр» (Ваҳдат) – 2.146 имтиёз. Ҷойи 148-ум «Хуҷанд» - 1,643 имтиёз.

Рақибони “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар феҳрасти бошгоҳҳои AFC мавқеи зеринро ишғол кардаанд: «Алтин Асир» (Туркманистон) - ҷойи 99-ум, 9,519 имтиёз, «Олой» (Қирғизистон) - ҷойи 124-ум, 5, 093 имтиёз. Инчунин рақибони имконпазири «Истиқлол» - «Аҳал» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) мутаносибан дар зинаҳои 122-юм ва 128-ум ҷойгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, дар ин феҳраст натиҷаҳои ба дастовардаи 161 бошгоҳи футболи Осиё, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC бозӣ мекунад, ба назар гирифта шудааст.