Барои ба даст овардани медали тилло ҳарифони худ аз Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро шикаст дод.

Гуштигири навраси тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов аз рӯи намуди гуштини юнонӣ-римӣ дар вазни 55 килограм қаҳрамони Осиё гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи милли олимпӣ.

Чемпионати Осиё аз рӯи намуди гуштини юнони-римӣ миёни наврасон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон идома дорад.

Дар мусобиқаи болозикр 308 варзишгар аз 19 кишвари минтақа қувваозмоӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа, ки то 7 идома меёбад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи пешомад дар Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намудҳои гуштини юнонӣ-римӣ, тарзи озод, ва занона миёни калонсолон дар назар аст. Қаҳрамонии ҷаҳон аз 14 то 22 сентябри соли ҷорӣ мегузарад, ки дар он қисмати зиёди роҳхатҳо ба Токио – 2020 ба бозӣ дароварда мешаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифт, ки варзишгарони мо дар 4 вазн гуштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.