Дар ду бозии Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон (U-19), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мунтахаби футболи Тоҷикистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 5 бар 1 ва тими Афғонистонро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард.

Натиҷаҳои дигар бозиҳои мусобиқа чунинанд: Афғонистон – Туркманистон – 2:2, Ӯзбекистон – Эрон – 0:2, Афғонистон – Ӯзбекистон – 2:2 ва Эрон - Туркманистон 4:0.

Бозиҳои давраи навбатии чемпионат имрӯз, 13 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд: Эрон - Афғонистон (соати 17:00) ва Тоҷикистон - Ӯзбекистон (соати 20:00).

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон (U-19) бо низоми даврии як бозӣ байни дастаҳо доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумори бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.