Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии аввали мусобиқаи байнулмилаӣ дар Нур-Султон барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон футболбозони дастаи Арманистонро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Арманистон дастболо шуданд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Суннатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсудинов ба нишон расониданд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз дастаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ки дар даври аввал бозиро бо тими Арманистон мусовӣ - 2 ба 2 анҷом доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.