Қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпиоанти ҷаҳон барканор карда шуд.
Пас аз санҷиши дубораи допинг дар ҷемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринаболи даҳонӣ ёфт шудааст. Дар ин бора дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шудааст.
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол ин танҳо гумонбарӣ аст. Айни замон Дилшод Назаров дар Қатар ба чемпионат омодагӣ мегирад. Вокуниши худи ӯ ба ин масъала низ алҳол маълум нест.
Дилшод Назаров нахустин ва ягона намояндаи Тоҷикистон мебошад, ки ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шарафёб гардидааст.
Аз 27 сентябр то 6 октябр дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир мегардад ва Дилшод Назаров мебоист дар он барои дарёфти роҳхат ба Олимпиада мубориза мебурд.
Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар медиҳад, ки дар робита ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг, Дилшод Назаров бояд аз трибунали аввали миллӣ гузарад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.