Дар даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғайричашмдошт дар меҳмонӣ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, акнун дар давраи нимфиналии мусобиқа шогирдони сармураббии даста Ғайраталӣ Мираҳмедов бо ғолиби ҷуфти чорякфиналии “Локомотив-Помир” - Регар-ТадАЗ” вомехӯранд.


Қобили зикр аст, ки “Истиқлол”-и Душанбе бори нахуст дар таърихи худ дар даври чаҳорякфиналии Ҷомми футбол аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Гуфта мешавад, дар ин давр “Хатлон”-и Бохтар дар меҳмони бо ҳисоби 1:0 бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд дастболо шуда, дар марҳилаи нимфиналӣ бо ғолиби ҷуфти “Истаравшан” - “Кӯктош” бозӣ мекунад.


Боз ду бозии чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 рӯзи сешанбе, 15 сентябр баргузор мешаванд. “Локомотив-Помир” дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ “Регар-ТадАз” ва “Истаравшан” дар майдони худ “Кӯктошро”-ро қабул мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.