Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт рӯзҳои 13-15 ноябр Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд.

Дар қувваозмоиҳо байни мардон варзишгарони зерин пирӯз шуданд:

Абумуслим Қаюмзода (60 кг, Душанбе),

Баҳром Сӯфиев (66 кг, Хатлон-2),

Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (73 кг, Душанбе),

Ҳакназар Назаров (80 кг, ГНТМ),

Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг, Душанбе),

Фирдавс Насимов (100 кг, Душанбе), 

Хуршед Маҷидов (зиёда аз 100 кг, Душанбе).

Занҳо дар ду вазн рақобат намуда, Аҳлия Муминова (57 кг, Душанбе) ва Шоҳида Қаландарова (70 кг, Душанбе) ба дарёфти медлҳои тилло шарафёб гардиданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар чемпионати имсола ҳудуди 200 варзишгар дар ҳайати 7 даста - Душанбе, Душанбе-1, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, дар ҳисоби умумидаставӣ бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.